Хадамоти муҳоҷират огоҳ мекунад
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аз ошкор шудани ҳодисаҳои фурӯши чиптаҳои қалбакӣ изҳори нигаронӣ карда, аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки чиптаҳоро аз шахсони номаълум харидорӣ накунанд.Тавре ки аз намояндагии Муҳоҷирати меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, чанде пеш шаҳрванди Тоҷикистон Исматуллои Кароматулло ба намояндагӣ изҳор дошт, ки 7 чиптаи аз шаҳрванди ношинос Фирӯз Саидов харидааш барои қатораи хатсайри Маскав – Душанбе қалбакӣ будаанд. Алҳол аризаи шаҳрванд Исматуллои Кароматулло аз ҷониби кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






