Конфронс дар Бадахшон
Хоруғ, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Ба истиқболи 20 – умин солгарди Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олӣ бо ибтикори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, Пажуҳишгоҳи илмҳои гуманитарии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва Институти биологии Помир дар мавзӯи «Аҳамияти таърихии иҷлосияи 16» конфронси илмию амалӣ баргузор гардид. Директори Пажуҳишгоҳи илмҳои гуманитарии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ профессор Шодихон Юсуфбеков, номзадҳои илмҳои таърих Маҳмадризо Ҳалимшоев, Аллоҳуддин Шоҳинбеков, номзади илмҳои филологӣ Дорғабек Фозилов , доктори илмҳои кишоварзӣ Қозимаҳмад Абдуламонов дар мавзуъҳои «Иҷлосияи тақдирсози миллат», «Рушди Бадахшон баъди Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ», «Иҷлосияе, ки Тоҷикистонро эҳё намуд» сухан ронда, зикр карданд, ки маҳз иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олӣ тақдири минбаъдаи мардуми тоҷикро муайян намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






