Мактаби нав дар Осиёбдара
Рашт, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», М.Ризвонов). – Дар деҳаи Осиёбдараи деҳоти Ясмани ноҳияи Рашт солҳои зиёд мактаби ибтидоӣ фаъолият мекард ва хонандагони мактаб баъди хатми синфи 4 барои идомаи таҳсилашон шароити мусоид надоштанд.Дар арафаи рӯзи Конститутсия дар доираи татбиқи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Рашт барои солҳои 2010 – 2016» аз ҳисоби маблағҳои Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин деҳаи дурдаст мактаби наву замонавии дорои 8 синфхона ба маблағи 683,4 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд.Аз ин пас хонандагони деҳа имкон пайдо намуданд, ки дигар роҳи 10 – километраро тай накарда, таҳсилро дар мактаби деҳаи худ идома диҳанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






