Муҳокимаи сиёсати бахши молия ва андоз
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 7 ноябр вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор бо роҳбарии сардори ҳайат Ҷонатан Данн масоили ҳаҷми буҷа барои соли 2013 мутобиқ ба барномаи миёнамӯҳлати устувории хароҷоти давлатӣ, ҳамчунин хароҷоти буҷа барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ва тадбирҳои зиёд намудани даромадро мавриди муҳокима қарор доданд.Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, роҳбари ҳайат дар мавриди муайян намудани нишондиҳандаҳои назоратии сиёсати микроиқтисодӣ ва махфӣ табодули афкор намуд. Иштирокдорони мулоқот ба масоили сиёсати бахши молия ва андоз, таҳрири нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъ ва дурнамои пардохти қарзи хориҷӣ, мониторинги корхонаҳои давлатӣ ва муносибатҳои кишвар бо дигар созмонҳои молиявию бонкии байналмилалӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.Сафаралӣ Наҷмиддинов зикр кард, ки тайи ҳамкорӣ бо Хазинаи байналмилалии асъор дар бахшҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳаҳои назаррас ба даст омаданд. Мавсуф изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкорӣ бо Хазинаи байналмилалии асъор минбаъд ҳам рушду густариш хоҳад ёфт.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






