Мулоқоти Э. Раҳмон бо Директори Дафтари аврупоии СҶТ

Ноябрь 13, 2012 20:46

Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори Дафтари аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Жужанна Якабро ба ҳузур пазируфт.Зимни суҳбат аз самараи ҳамкории бисёрсолаи Тоҷикистону Созмони ҷаҳонии тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Хотиррасон гардид, ки ҳаҷми умумии кумаки ин созмон дар рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон танҳо дар 8 соли охир ба зиёда аз 19 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст.Ба кумакҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар татбиқи лоиҳаҳои зиёди соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла пешгирӣ, муоина ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, эмкунии фарогири аҳолӣ, таҳкими заминаи моддию техникии хадамоти ҳифзи модар ва кӯдак, амалиётҳои фаврии хадамоти тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра баҳои баланд дода шуд.Ҳамзамон густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои ҷорӣ намудани қоидаҳои байналмилалии тиббию санитарӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сил, вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) ва навсозии заминаи технологии соҳаи тандурустӣ дар маҷмӯъ зарур шумурда шуд.Ҳарду ҷониб ба рушду тавсиаи ҳамкорӣ дар оянда, аз ҷумла дар самти татбиқи амалии Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола ва Стратегияи нави миллии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2010-2020 ҳавасмандии худро таъкид намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 13, 2012 20:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик