Ғолиби озмуни «Донишҷӯи сол» муайян шуд

Декабрь 24, 2012 14:24

Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Миёни 45 нафар донишҷӯи беҳтарини донишгоҳҳои Тоҷикистон дар озмуни «Донишҷӯи сол — 2012» ғолиби озмун муайян гардид. Даври ниҳоии озмуни «Донишҷӯи сол — 2012» миёни донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ дар толори Китобхонаи марказии вилояти Хатлон дар шаҳри Қурғонтеппа доир гардид. Баъди муайян шудани ғолибони даври аввали озмун онҳо ба даври ниҳоӣ бо пешниҳоди роҳбарони макотиби олӣ роҳхат гирифтанд.Дар озмун аз мактабҳои олии шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва Душанбе 45 нафар донишҷӯи беҳтарин ширкат намуданд. Тибқи тартиби баргузорӣ сараввал аз толибилмон бо забони давлатӣ диктант гирифта шуд. Сипас ба онҳо дар доираи фанҳои ҷамъиятшиносӣ, сиёсати давлатии ҷавонон як саволӣ пешниҳод шуд, ки ба саволҳои пешниҳодшуда довталабон ба таври хаттӣ ҷавоб навиштанд. Ҳамчунин омӯзгорон дониши забонӣ ва технологияи муосири довталабонро санҷиданд.Гуфта мешавад, дар озмуни мазкур ҷои якум ба Наврӯза Алиқулова, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ҷои дуюм ба А. Маҳмудов ва Азими Нуриддиншо, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ва ҷои сеюм ба С. Абдулқайсӣ донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб дода шуд.Ғолибони озмун ва ҳамаи иштирокчиёни он бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сарфароз гардиданд.Сарчашмаи хабар илова намуд, ки мақсад аз баргузории озмуни «Донишҷӯи сол- 2012» дар байни донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ дарёфти донишҷӯи беҳтарин, ҳавасманд ва тарбия намудани донишҷӯёни кишвар дар руҳияи илмдӯстӣ, меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

Декабрь 24, 2012 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!