Бунёди шаҳраки “Диёри Душанбе” дар пойтахт

Декабрь 17, 2012 16:44

Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ). –Ширкати қатарии “Қатар Диёр” дар Тоҷикистон шаҳраки наверо бо номи “Диёри Душанбе” бунёд мекунад. Намояндагони ширкати “Қатар Диёр” мегӯянд, ки ин шаҳрак тақрибан дар 7 гектар замин бунёд гардида, дар он аз рӯи нақша 5 бинои истиқоматӣ, марказҳои тиҷоратӣ, минтақаи меҳмоннавозӣ ва кӯдакистон сохта хоҳад шуд. “Қатар Диёр” дар 29 давлати пешрафтаи дунё фаъолият дорад. Тоҷикистон аввалин кишвари Осиёи Марказист, ки аз сармояи давлати Қатар барои сохмони хонаҳои истиқоматӣ истифода мекунад. Саад ал- Отаибӣ, раҳбари минтақавии ширкати «Қатар Диёр» гуфт: ”Марҳилаи аввали сохтмони «Диёри Душанбе», ки аз ибтидои моҳи ноябри соли ҷорӣ шурӯъ шудааст, бояд дар муддати 18 моҳ ба охир расида ва ба истифода дода шавад. Ин аввалин сармояи давлати Қатар дар Тоҷикистон аст ва барои хариди хонаҳо на ба хориҷиён, балки бештар ба мардуми тоҷик аҳамият дода мешавад, зеро хонаҳо асосан барои муштариёни тоҷик сохта хоҳанд шуд”. Хонаҳое, ки дар ин шаҳрак бунёд мешаванд, аз биноҳои дигари пойтахт ба куллӣ фарқ дошта ва нархи ҳар як хона дар ин шаҳрак аз 200 то 500 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Маврид ба зикр аст, ки ширкати “Қатар Диёр” дар ин шаҳрак биноҳои истиқоматии аз 2 то 12 ошёна месозад, ки дар онҳо хонаҳои аз 2 то 4 ҳуҷрагӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин шаҳрак 400 оила ҷойгир хоҳад шуд. Ба гуфтаи масъулин, ширкат масолеҳи сохтмониро аз Туркия, Қатар ва Иёлоти муттаҳидаи Араб харидорӣ мекунад.

Декабрь 17, 2012 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?