Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Декабрь 3, 2012 16:58

Куштори сарбози хориҷӣ дар Афғонисон
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи итилои расонаи хабарии BBC News дар қисми ҷанубии Афғонистон як сарбози нерўҳои байналмилалии эътилоф кушта шуд. Вале ба иттилои дафтари матбуоти нерўҳои НАТО дар Кобул, сарбоз бар асари инфиҷори таҷҳизоти тарканда ҷони худро аз даст додааст. Аммо дар хусуси маҳалли дақиқи ҳодиса ва шахсияти сарбози қурбоншуда то кунун маълумоти мушаххас на аз ҷониби нерўҳои НАТО ва на аз ҷониби ҳукуматдорони Афғонистон дода нашудааст. Ба гуфти роҳбари Вазорати корҳои дохилии Афғонистон сарбози ҳалокшуда узви Артиши миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад.Тӯфони шадид дар Камчатка Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Минтақаи Камчаткаи Федератсияи Русияро тўфони шадид ва барфбод фаро гирифтааст. Ҳукуматдорони кишвар дастур додаанд, ки аз сабаби номусоидии вазъи ҳаво муассисаҳои таълимӣ фаъолияти худро муваққатан қатъ намоянд. Бояд қайд намуд, ки суръати вазиши шамол дар як сония 23 метрро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки мутахасисони соҳаи ҳавошиносӣ афзудани суръати тундбодро пешгўӣ мекарданд. Дар айни ҳол тамоми кормандони Хадамоти ҳолатҳои фавқулодда дар ҳолати омодабош қарор доранд. Аз сокинони минтақаи офатзада даъват шудааст, ки бидуни зарурат манзилҳои истиқоматии худро тарк насозанд. Садама дар шоҳроҳи Пекин-Тайбэй Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки торномаи телевизионии «Алҷазира»-и давлати Қатар итилоъ медиҳад, дар қисми шарқии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳалқаи тумани анбўҳ қарор дорад. Дар пайи номусоидии вазъи ҳаво дар шоҳроҳи Пекин-Тайбэй якбора 15 садамаи нақлиётӣ ба амал омада, дар натиҷа 7 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 35 каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона интиқол дода шудаанд. Аз сабаби садамаҳои пай дар пай ҳукуматдорон тасмим гирифтаанд, ки муддати чанд рӯз ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар шоҳроҳҳо мутаваққиф созанд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Декабрь 3, 2012 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад