Гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). – Дар ноҳияи Турсунзода гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ ба кор шурӯъ кард. Мувофиқи хабари дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷират, дар ҷараёни мулоқот бо раисони ҷамоатҳо, директорони мактабҳо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин фаъолону шахсони масъули ноҳия масоили буду боши муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа мавриди муҳокима қарор мегиранд.Мақсад аз роҳандозии чунин тадбирҳо таъмини тартибот дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, назорати шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои корҳои иттилоотию тавзеҳотӣ дар байни аҳолӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






