Куния- сеюмин бародаршаҳри Кӯлоб

Декабрь 21, 2012 17:25

Кӯлоб, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов). – Дар сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркия дар қатори санадҳои дигари ҳамкорӣ ҳамчунин тафоҳумномаи бародаршаҳрӣ миёни Куния ва Кӯлоби Тоҷикистон ба имзо расид. Абдуғаффор Раҳмонов, раиси шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Тоҷикистон ба ин тафоҳумнома имзо гузошт. Ба ақидаи коршиносон муносибати дӯстонаи наздик миёни Куния ва Кӯлоб ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф мусоидат хоҳад кард. Дар Кӯлоб оромгоҳи файласуфи машҳури машриқзамин М.С.А.Ҳамадонӣ ва дар Куния низ оромгоҳи яке аз саршиносони барҷастаи адабиёти тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мавҷуд аст. Мавриди зикр аст, ки дар даврони истиқлолият Куния сеюмин бародаршаҳри Кӯлоб мебошад.

Декабрь 21, 2012 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!