Лоиҳаи нави қонуни ВАО ба журналистон чӣ сабукиҳо меорад?
Душанбе, 12 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Минбаъд тибқи лоиҳаи нави қонуни матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ба пурсишҳои рўзноманигорон ва навиштаҳои таҳлилию танқидии онҳо дар давоми то се рўз ҷавоб мегўянд. Ин раванд дастрасиро ба манбаи иттилоъ осон гардонида,таъсирбахшӣ ва фаврияти хабарро таъмин менамояд. Ҳамзамон он ҷавобгў ба ниёзҳои аҳли қалами ҷумҳурӣ ва ҷомеаи байналмилалии рўзноманигорон аст. Бояд зикр кард, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси намояндагон 12 декабр лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»-ро баррасӣ ва қабул намуд. Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби вакилон Олим Салимзода ва Акрамшо Фелалиев таҳия шудааст. Олим Салимзода, раиси Кумитаи корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон бо ташреҳи масъалаи мазкур гуфт: «Бо мақсади баррасии амиқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» гуруҳи корӣ аз ҳисоби вакилони парлумон, намояндагони ҳукумат, ҳуқуқдонҳо, аҳзоби сиёсӣ, ВАО-и мустақил, дар муддати қариб ду сол 18 маротиба дар нишастҳои журналистон муҳокима гардида, пешниҳоду дархостҳои намояндагони ВАО-и мустақили кишвар ба инобат гирифта шудааст». Салимзода афзуд, ки тағйироо бо назардошти пешрафти ҷомеа, таҳаввулот дар мавриди рушди илму техника ва қонеъ гардонидани ҷомеаи рўзноманигорон ҷиҳати расонидани иттилои фаврӣ ва саривақтӣ ворид шудаанд ва ба фаъолияти рўзноманигорон ва ВАО-и кишвар сабукиҳо меоранд. Лоиҳаи қонуни мазкур аз 6 боб ва 36 модда иборат буда, дар қиёс ба қонуни амалкунанда 4 модда дар он кам шудааст, ки ин баёнгари аз нигоҳи нигориш таҳрири ҷиддӣ гирифтани лоиҳаи қонун аст. Лоиҳаи қонуни нави матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма хуқуқу озодӣ, дастгирии давлатӣ, ҳуқуқи таъсис, ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, сабти номи ВАО, ҳамкориҳои байналмилалӣ, фаъолияти рўзмара, ҳифзи сарчашмаи ахбор, ҳолатҳои фош насохтани он, аккредитасияи журналистон ва дигар масоили марбут ба ВАО-ро ба танзим дароварда, заминаи мусоидро барои рушди ВАО дар кишвар фароҳам месозад. Тибқи лоиҳаи нави қонун минбаъд ВАО новобаста аз шакли моликият мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






