М. Ҷабборова: «Бо хислати азалии худ дар фарҳанги сулҳофарӣ устуворем”
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ). – Рушду такомули фарҳанги сулҳ ва ризоияти миллӣ аз самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдорӣ унвон шудааст. Ин нукта дар суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон низ таъкид гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита изҳор дошт: “Замоне фаро расидааст, ки «арзишҳои сулҳу оштии миллиро ҳамчун фарҳанги зиндагии мардум ба таври васеъ густариш диҳем». Дар суханронии худ Сарвари давлат ҳамчунин гуфт, ки дар марҳилаи имрӯзаи рушди сулҳу ризоияти миллӣ он бояд на танҳо ҳамчун мазмуни созишномаи имзошуда миёни ду тарафи мухолиф, балки ба ҳайси як фарҳанг ва андешаи фарогири умумимиллӣ дарк гардида, сулҳу ваҳдат ва ҳамзистии мусолиҳатомези намояндагони ҳамаи неруҳои сиёсӣ, ҳизбу ҳаракатҳо, ҷаҳонбиниву андешаҳо ва дину мазҳабҳои сокинони Тоҷикистонро дар бар гирад. Дар ин росто суоле ба миён меояд, ки чӣ гуна метавон фарҳанги сулҳофариро рушд дод? Марҳабо Ҷабборова, вакил, роҳбари Кумитаи илм ва фарҳанги парлумони Тоҷикистон дар посух ба ин суол чунин гуфт:- Мо фарҳанги сулҳофарии худро аллакай дар соли 1997 дар асоси Созишномаи сулҳ, ки имзо шуд, ба тамоми ҷаҳониён муаррифӣ кардем ва гуфта метавонем, тоҷикон миллате ҳастанд, ки фарҳанги сулҳофарӣ доранд. Ин арзиши сулҳу оштии миллиро мо ҳамчун фарҳанги зиндагии худ қарор дода будем ва акнун бояд онро густариш дод. Фарҳанги сулҳофарӣ бояд ҳамчун як манбаи аслии зиндагии мардум бошад. Дар баробари ин бояд ҷавонон, насли ояндаи миллатро дуруст тарбия кард. Барои ҳимояи сулҳу субот ва дарк кардани ин неъмат, ки бо душвориҳои сахт ба даст овардем, ҳамеша кӯшиш кард, то он рушд ёбад ва мардум зиндагии худро дар фазои сулҳ эҳсос кунанд. Мо бояд ифтихор аз он дошта бошем, ки ба хиради азалии худ дар мавриди офаридани сулҳ устуворем. —Чӣ гуна метавон созишномаи имзошуда миёни ду тарафи мухолифро ба ҳайси як фарҳанг ва андешаи фарогири умумимиллӣ шинохт? — Ҳоло як замони ҳассос аст, замони омезиши арзишҳои миллию умумибашарӣ. Дар замони ҷаҳонишавӣ мо бояд дар асоси фарҳанги худ ҳаракат кунем, ки ин сулҳ барои ҳамешагӣ дар кишвари мо устувор бимонад ва кадом як нерӯи дигар фазои кишвари ободи моро халалдор накунад. Бояд тамоми намояндагони дину ҳизбҳо ва харакатҳои дигар ба хубӣ дарк кунанд, ки ин сулҳ ба осонӣ барои Тоҷикистон муяссар нашудааст. Тамоми аҳли ҷомеа бояд созишномаи имзошуда миёни ду тарафи мухолифро ба ҳайси як фарҳанг дарк карда, дар таҳкими субот саҳми худро гузоранд. —Тавре ки мушоҳида мешавад, даҳшати ҷангро танҳо калонсолон дидаанд ва аксаран ҷавонон сарфи назар аз гуфтугӯҳои зиёд атрофи Иҷлосияи 16-ум, ҳамоно аз воқеияти аслии он бехабаранд. Шумо низ қайд кардед, ки барои устувор намудани пояи сулҳ бояд насли ҷавонро тарбия кард. Пас чӣ гуна метавон фарҳанги сулҳофариро дар зеҳни ҷавони ҳамсоли истиқлол ва касоне, ки даҳшати ҷангро надидаанд, ҷой кард?—Албатта, фикр мекунам, ин самти масъала бисёр ташвишовар аст, зеро ҷавонони имрӯз аз ҷавонони пеш аз истиқлол ба куллӣ фарқ доранд, чунки замона пеш рафтааст. Барои он, ки онҳо дарк кунанд, ки ба даст овардани соҳибистиқлолӣ кори саҳл нест ва фарҳанги сулҳофариро омӯхтану онро рушд додан боиси сарфарозист, аввалан, онҳоро дар асосии худшиносиву худогоҳии миллӣ бояд тарбия кард. Ба онҳо таваҷҷуҳи зиёд дошта бошем, зеро соҳибони ояндаи ин ватан ва нерӯи пешбарандаи ин миллат ҳамин наврасону ҷавонон ҳастанд. Пас метавон аз ҳамин нерӯи ояндасози миллат рушду такомули фарҳанги сулҳ ва ризоияти миллиро интизор буд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






