Масъулини «Барқи тоҷик» дар парлумон гузориш медиҳанд
Душанбе, 24 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Фардо, 25 декабр дар палатаи поёнии парлумони мамлакат –Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парлумонӣ баргузор мегардад. Дар он иҷрои «Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» дар бобати татбиқи «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009 – 2020» дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» матраҳ мегардад. Аз хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар муҳокимаи парлумонӣ вакилони парлумон, роҳбарону масъулини Вазорати энергетика ва саноати кишвар, ШСХК «Барқи тоҷик» иштирок намуда, иҷрои буҷаи мамлакат барои солҳои 2010-2012 дар татбиқи «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020» –ро матраҳ менамоянд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






