Мавқеъҳои муштараки ду кишвар
Душанбе, 14 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Парлумонҳои кишварҳои мо ҳанўз ҳам аз имконот ва шароити мусоиди мавҷуда барои тақвияти равобити ҳасана дар бахшҳои гуногун ба таври фаъол истифода накардаанд», гуфт зимни мулоқоташ Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо сафири фавқулодда ва мухтори Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк. Мусоҳибон дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, густариши муносибот дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, кишоварзӣ, энергетика, саноат, сохтмон, варзиш,туризм, башардўстона ва фарҳанг табодули назар намуданд. Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки парлумони Тоҷикистон хостори тақвияти муносиботи худ бо парлумони Украина аст. Зикр шуд, ки байни Маҷлиси намояндагон ва Радаи Олии Украина аз соли 2011 гуруҳи дўстӣ ва ҳамкорӣ фаъолият мекунад, ки он ба таҳкими равобити гуногунсоҳаи ҳар ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад. Мавсуф таъкид сохт, ки муносиботи дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Украина дар асоси Созишномаи байнидавлатӣ — Шартномаи дўстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар, ки 6 июли соли 2001 ба имзо расидааст, ба роҳ монда шудааст. Асоси принсипҳои равобити ду кишварро эътимод ва ҳусни тафоҳуми дуҷониба дар баррасӣ ва ҳалли масоили муҳим дар бар мегирад. Дар масоили калидии сиёсати байналмилалӣ ва амниятӣ Тоҷикистон ва Украина мавқеи муштарак дошта, иштироки ду кишвар дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ онҳоро ба ҳам наздик месозад. Алҳол миёни Тоҷикистон ва Украина 80 санади муҳим ба имзо расидааст, ки ин санадҳо доираи васеи ҳамкориҳои дуҷонибаро фарогиранд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






