Нигаронии раиси вилоят аз фаъолияти корхонаҳо
Хоруғ, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодиро дар 11 моҳи соли ҷорӣ ҷамъбаст намуд. Таъкид шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 4661,4 ҳазор сомонӣ ба буҷаи вилоят зиёдтар маблағ ворид гардидааст. Ҳамзамон раиси вилоят Қодири Қосим аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳисоби мавҷудияти корхонаҳои хусусӣ, таҳлили фаъолияти онҳо аз ҷониби раёсату идораҳои дахлдор қонеъкунанда нест. Тибқи маълумот дар қаламрави вилоят 283 корхонаи хусусӣ ба қайд гирифта шудааст, аммо танҳо 120 корхона фаъолият дорад. Дар вилоят теъдоди соҳибкорон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст. Раиси вилоят инчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар вилоят то кунун ягон корхонаи муштарак таъсис нашудааст. Сатҳи иҷрои «Барномаи истифодаи захираҳои дохилии вилоят», ки чаҳор сол қабл қабул шуда буд, қонеъкунанда нест.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






