Президенти Тоҷикистон ба Президенти Қазоқистон барқияи тасаллият ирсол намуд
Душанбе, 28 декабр.(АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи ҳамдардӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:Мӯҳтарам Нурсултон Абишевич,Хабари фоҷиавии садамаи ҳавопаймои низомиву нақлиётие, ки дар назди Шимкент рух дод ва боиси ҳалокати хизматчиёни ҳарбии Хадамоти сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гардид, маро сахт андӯҳгин намуд. Дар ин лаҳзаҳои пур аз ғаму андӯҳ мо ба дарди Шумо нисбати ин талафоти вазнин шарик ҳастем. Хоҳишмандам ҳамдардии самимии моро ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокшуда изҳор намоед.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






