Қ. Расулзода: «Захираҳои истифоданашудаи иқтисодӣ зиёданд»
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Фаъолияти минбаъдаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ки дар партави суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2012-ум ва вазифаҳо барои соли 2013 муайян гардид, 21 январ дар ҷаласаи кории назди раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода баррасӣ шуд. Қоҳир Расулзода аз ҷараёни маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати мамлакат гузориш дода, таъкид кард, ки бо вуҷуди ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҷаласаи ҷамъбастӣ аз рӯи натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ баҳои мусбат додан, дар вилоят ҳанӯз ҳам захираҳои фаровони истифоданашудаи афзоиши иқтидори иқтисодию иҷтимоӣ вуҷуд доранд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси вилоят дар ин замина дар бораи вазифаҳои минбаъда муфассал сухан ронда, қайд кард, ки Сардори давлат тақозо намуд, ки ҷараёни ислоҳоту дигаргунсозиҳо дар тамоми самтҳо, бахусус дар таъмини беҳбуди фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, афзун намудани истифодаи самараноки моликияти давлатӣ, инчунин дастрасӣ ба бозорҳои сармоя ва молу маҳсулот ҳамаҷониба татбиқ шаванд. Раиси вилоят роҳбарони сохторҳои марбутаро ба таъмини иҷрои босифати нақшаи қисми даромади буҷаи давлатӣ, аз ҷумла дарёфти манбаъҳои нави ғанигардонии буҷа ва воридоти гумрукӣ вазифадор намуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






