Назари Кумитаи дин ба муроҷиатномаи Маркази исломӣ
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар»). — Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ муроҷиати Маркази исломии Тоҷикистонро дар масъалаи худдорӣ намудани аҳли қалам аз даст задан ба масъалаҳои ақидавӣ ва мазҳабӣ мавриди омўзиш қарор дод:1.Маркази исломӣ дар муроҷиатномаи худ аз назари илмӣ ба маврид ва дуруст таъкид менамояд, ки илми ақида ва фатво нозукӣ ва махсусияти худро дорад ва касе ба он даст зада метавонад, ки сатҳи дониш, малакаи касбӣ ва имкони онро дошта бошад. Илм чи навъе набошад, усулу қоида ва равиши худро дорад. Пас риояи он усул ва қоида ба нафаре муаяссар мешавад, ки вай аз назари илмӣ, фарҳангӣ ва қонунӣ чунин масъулиятро дошта бошад. Гузашта аз он илми ақидаи исломӣ илми мураккаб ва аз назари мантиқ бисёр нозукбаён аст, ки дар он ҳар нукта ва ҳарфе метавонад мардумони дигарро ба нофаҳмию каҷравиҳо ҳидоят намояд. Вазифаи Маркази исломӣ аз назари шаръӣ мутобиқ ба Оинномааш ҳифзи манфиати динии мардум аз чунин қаҷравиҳо ва калавишҳои динист. 2.Ибтидои ҳама ахлоқ риояи одоби инсонӣ ва андозаи рафтор аст. Бузургони мо бамаврид таъкид кардаанд: «Андоза нигаҳ дор, ки андоза накўст…». Риояи одоб ва андозаи муошират дар гуфтор, рафтор ва ҳатто тафаккури шахс ҳамагӣ баёнгари инсони солеҳ ва фарҳангист. Нуктаи калидии ахлоқи фазои иттилоотии кишвар ба андозаи дониш ва масъулият баёни андеша намудан аст, зеро васоити ахбори омма, танҳо минбари баёни ақидаи шахсӣ набуда, вай инъикосгари вазъи ҳаёти воқеӣ, камбудию норасоӣ ва аз ҳама муҳим минбари тарғиби ақидаи солим ва таълиму тарбияи хонандагон низ ҳаст. Аз ин рў, ҳар нафаре, ки қалам ба даст мегирад, агар ў роҷеъ ба ҳаёти шахсӣ, муносибати инфиродӣ, ҳодисаи мушаххас ҳарф занад, боке надорад, вале чун ў ки аз илми муайян хабаре надорад ва ё дорад, на ба андозаи кофӣ, ки ба дигарон муаррифӣ намояд, пас одоб ва ахлоқи инсонӣ он аст, ки худдорӣ намояд. 3.Мо ҳама масъулем, ки арзишҳои давлати демократӣ ва дунявии Тоҷикистонро ҳифз намоем, зеро ин орзў ва омоли халқи Тоҷикистон аст, ки аз табиати шакли идораи кишвари мо маншаъ мегирад. Албатта, ҷавҳари ин роҳи бузург риояи озодист, аз ҷумла озодии андеша ва сухан. Озодии тафаккур зинаи ибтидоии озодии сухан аст, ки ба ҷаҳони ботинии шахс кор дошта, дар ҷомеаи демократӣ то сарҳади муайян ба он ҳамчун ҳаққи маҳдуднопазир арҷ гузошта мешавад, вале чун ин ҳақ ба зинаи дуюм- озодии муаррифии фикр ва сеюм- нашри озод мерасад, вай дар доираи меъёрҳои ахлоқӣ ва қонунҳои башарӣ ба низом кашида мешавад. Қонунҳои миллию байналмилалӣ, динҳои ҷаҳонӣ ва таҷрибаи зиндагии башарият сарҳад ва низоми ин озодиро дар ҳифзи амният, тартибот, саломатӣ, ахлоқ ва ҳуқуқу озодии дигарон(М.14 Конститутсия, м. 18 ПБХШС ) тарҳрезӣ намудаанд. Ҳамаи мо масъулем, ки онро риоя намоем. 4.Таърихи сиёсӣ ва иҷтимоии миллати мо ва умуман мардуми Шарқ ҳодисаҳои зиёдеро медонад, ки аз як масъалаи нозуки динӣ ва ақидавӣ чи тавр душманони мо фитнаҳо ва ҳангомаҳои сархӯрро ба фарҳанг ва ҳастии халқияти тоҷик бор намудаанд. Муноқишаю фитнае ки аз бесарҳадии сухану андешаи иддае аз тангназарон маншаъ мегирифт, руҳи фарҳангӣ ва сиёсии миллатро на танҳо ба иллат гирифтор мекард, инчунин халқиятро аз нерўи соҳибихтиёрӣ маҳрум намуда, рушди фарҳанг ва иқтисодиётро ба садсолаҳо қафо мепартофт. Аз ин назар ислом, ки оини мадорост, «фитнаро бадтар аз қатл» муайян кардааст. Маркази исломӣ маҳз ба хотири гирифтани пеши роҳи фитна ба аҳли қалам муроҷиат намудааст, чунки ҳар қаламбадасте, ки дониши казоии динӣ надорад, ба тарзи худ ба масъалаҳои ақидавӣ даст зада, имконияти барангехтани ихтилоф ва фитнаро дорад. 5.Ислом низ ҳамчун дин бо низом ва тартиб уствор ва поянда аст. Манбаи ҳукм низ баъд аз Қуръону суннат, иҷмоъи уламо ва иҷтиҳоди муҷтаҳид аст. Маркази исломии Тоҷикистон ҷамъи уламои кишварро муттаҳид кардааст, аз назари шаръӣ ва ҳуқуқӣ танҳо ин мақом ҳуқуқи баровардани фатворо дорад, на каси дигар. Масъулияташ низ аз назари шаръӣ ба дӯши ҳамин марказ аст. Дар кулли давлатҳои исломӣ ва ғайриисломии мусулмоннишин, масъалаи ақидавӣ ва динӣ танҳо аз ҷониби Маркази динии ҳамон кишвар ҳал мегардад. Ҳама ба ин мақом арҷгузорӣ менамоянд, зеро талаби низоми исломӣ низ чунин аст. Ибтидо аз зуҳури ислом ва дар замони саҳоба ва тобеин масъалаи фатво танҳо дар доираи салоҳияти шахсони муайян қарор мегирифт ва бо назардошти ҳузури олимон ва шахсиятҳои маъруфи исломӣ на ҳар кас чунин салоҳият дошт.Оё дар он даврон шумораи нафароне,ки дониши волои динӣ доштанд, кам буданд? Албатта не. Ҳадаф аз ин муттаҳидӣ, ваҳдат ва низому тартибот буд. Бо назардошти гуфтаҳои боло муроҷиати Шўрои Уламои Маркази исломӣ ҳамчун мақоми ваколатдор ва марказонидашудаи исломӣ, ки ба ҳушдор намудан ва даъват овардан ба низом ва тартибот дар фазои андешаи динӣ нигаронида шудааст, на танҳо ҳуқуқ, балки аз вазифаҳои муқаддаси ин ниҳод аст.