Оғози соли хониш барои магистрантон

Январь 18, 2013 17:16

Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Чанде пеш дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ маросими ботантанаи кушоиши соли хониши навбатӣ дар магистратура барпо гардид. Ректори Донишкада Гавҳар Шарофзода дар бобати ҳиссаи арзандаи магистратура дар омода сохтани кадрҳои болаёқати самти хизмати давлатӣ, ҳиссаи Хазинаи Ханс Зайдел дар ин самт, ғамхориҳои беназири Ҳукумати Тоҷикистонро дар тарбия ва дастгирии ҷавонон зикр намуда, аз магистрон хоҳиш кард, ки сазовори номи баланди «магистр» бошанд ва бо хониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ соли хонишро ҷамъбаст намоянд.Зикр шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои тайёр ва тарбияи кадрҳои ҷавони болаёқат дар хизмати давлатӣ тамоми тадбирҳоро меандешад ва тамоми магистрантони пешина ва фаъолияти касбии онҳо зери назорати доимӣ ҳастанд. Роҳбари Хазинаи Ханс Зайдел дар Осиёи Марказӣ, доктор Макс Георг Майер аз номи Хазинаи олмонии Ханс Зайдел ба роҳбарияти Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва тамоми омӯзгорон барои меҳнати пурсамар изҳори миннатдорӣ кард. Ӯ гуфт, ки ҳар як давлат ба кадрҳои баландихтисос эҳтиёҷ дорад ва мақсади ниҳоии хазина ва Донишкада тайёр намудани ҳамин гуна кадрҳои ҷавон ва болаёқати соҳаи хизмати давлатӣ мебошад. Ӯ изҳори умед кард, ки магистрон баъд аз хатми магистратура аз дониши андӯхтаашон истифода карда, ба халқу ватани худ хизмати сазовор хоҳанд кард.

Январь 18, 2013 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!