Паҳлавонони тоҷик аз Ӯзбекистон медали тилло оварданд
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– Рўзҳои 4 ва 6-уми январи соли 2013 дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ўзбекистон мусобиқаи байналмилалии дзюдо миёни паҳлавонони соли таваллудашон 1996-97 барпо гардид. Дар мусобиқа кишварҳои ҳамсоя ширкат варзиданд. Ба иттилои сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муродалӣ Тешаев Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пешбарии Федератсияи дзюдои кишвар паҳлавонони наврас дар қатори зиёда аз 100 иштирокчӣ муаррифӣ намуданд. Баъди қувваозмоиҳои дурўза аз Тоҷикистон Эраҷ Абдуллоев дар вазни 55 кг, Умед Абдураҳмонов дар вазни 60 кг, Расул Саидов дар вазни 73 кг, Суҳроб Давлатзода дар вазни +90 кг барандагони медалҳои тилло гардиданд. Инчунин Юсуф Каримов дар вазни 73 кг зинаи дуюм ва Сироншо Меҳрубоншоев дар вазни 60 кг бо ҳамроҳии Суруш Каримов дар вазни 73 кг мақоми севвумро ишғол намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






