Ширкатҳои монополистии соҳаи нафт кадомҳоянд?
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар»). — Дар давоми соли 2012 ба воридоти бензин тибқи «Тартиби ташкил ва пешбурди феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори молӣ мавқеи ҳукмфармоиро доранд», 3 субъекти хоҷагидор, аз чумла ҶДММ «Газпромнефт Таджикистан», ҶДММ «Аноҳита» ва ҶДММ «Нури Дилшод» шомил шуданд. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ 24 январ сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Ҳамдам Тағоймуродов иттилоъ дод.Вай афзуд, ки аз ҳаҷми умумии маҳсулоти сӯхти воридгардида дар давоми соли сипаришуда 59,4% ба корхонаҳои коркарди нафти Федератсияи Русия, 18,1% ба корхонаҳои коркарди нафти Ҷумҳурии Туркманистон, 10,6% ба корхонаҳои коркарди нафти Ҷумҳурии Қазоқистон, 3% ба корхонаҳои коркарди нафти Ҷумҳурии Беларус, 1,8% ба корхонаҳои коркарди нафти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, боқимонда ба корхонаҳои давлатҳои дигар рост меояд. Ёдовар мешавем, ки дар бозори мазкур ҳамагӣ 43 субъекти хоҷагидори воридкунанда, ба истиснои шумораи соҳибкорони инфиродӣ иштирок доранд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






