Аз таъриху ҷуғрофияи анъаноти наврӯзӣ
Имрӯз барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд.Эмомалӣ РаҳмонДушанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар»). — Ҳар яки мо ҳар сол дар мавриди фаро расидани Иди Наврӯзи куҳан, вале абадани ҷавонро бесаброна интизор мешавем ва дар ин лаҳзаҳои гуоро ва дилнишин ба худ ва дигарон хушбахтию бурдбориҳо, фаровонии неъматҳои зиндагиро орзу менамоем, ба дӯсту рақиб даст медиҳему бағал мекушоем ва кинаю адоватро аз худ бадар мекунем. Ин воқеаи фараҳбахш дар оғози соли тақвими ҷамшедӣ сурат мегирад, ки даврони бедоршавии табиат баъд аз хоби зимистонаи дуру дароз ва фарорасии оғози корҳои саҳроӣ барои зиндагӣ ва орзую амалҳои накую дерини мардум тифоқ меафтад. Ин аст рисолати асосии Навруз, ки акнун ба иди байналмилалӣ табдил гашта, вирди забон ва шодкомиҳои мардуми ҷаҳон гашта истодааст, он бо ҳамаи забонҳои олам (дар транскрипсияҳои гуногун) ҳамчун “Наврӯз” садо медиҳад. Ин садо ҳар соли навбатӣ точанде баландтару фарогиртар шуда, имрӯз пайваста ба қалбу зиндагии ҷаҳониён ворид мегардад ва соҳибони аслии Наврӯз – давомдиҳандагони асосии фарҳангу тамаддуни ориёӣ – мардуми моро сарбаланд ва рӯҳи гузаштагонамонро шод менамояд. Дар ин мақолаи начандон калон мехоҳем оид ба таърихи анъаноти наврӯзӣ, ки дар рӯзғори мардуми гуногуни Шарқ ташаккул ёфта, арзишҳои миллии фарҳангӣ ва маънавию ахлоқии онҳоро ғанӣ гардонда, худро бо яке аз тамаддунҳои бузургтарини ҷаҳон пайвастаанд, чанд лаҳзаи таърихӣ ва анъаноти наврӯзиро оварда, дар бораи онҳо маҷмуан ва ба таври умумӣ андешаронӣ намоем. Барои ин мо бештар ба технологияи иттилоотӣ ва баъзе сарчашмаҳои таърихӣ назар меафканем.Ҳарфе чанд дар бораи таърихи НаврӯзИди Наврӯз яке аз идҳои қадимтарин дар рӯи Замин мебошад Он то замони пайдоиши дини зардуштӣ маълум буда, онро ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои III -II пеш аз милод дар давлати паҳновари Элом ва баъд аз асри VIII пеш аз милод сар карда ва то парокандашавии давлати Модҳо дар асри VI пеш аз милод ба таври ҷашни пуршукӯҳ пешвоз мегирифтанд. Дар давлати Ҳахоманишиён (асрҳои VI -IV пеш аз милод) ва давлати Сосониён (асрҳои III- VII милодӣ) Наврӯз иди асосии ин давлат шуморида мешуд, Таърихшиноси Юнони қадим Страбон дар бораи иди Наврӯз чунин навиштааст: «Дар замонҳои аз қадим ҳам қадимтар ва то мардуми имрӯзаи Байни Дарёҳо (Сир ва Аму дар назар аст: Т.З.) дар ин рӯз дар Ибодатгоҳи Оташ ҷамъ меоянд. Иди Наврӯз иди аз ҳама бообурӯю машҳуртарин буда, дар он рӯз савдогарон дари дуконҳои худро мебанданд, косибон корро қатъ мегардонанд, хушу хурсандӣ мекунанд, бо ҳамон хӯрокаю нӯшокиҳое ҳамдигарро меҳмондорӣ менамоянд, ки ба онҳо оташ расида бошад.Тавре дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём омадааст, таърихи пайдоиши моро ба замони хеле қадими шоҳигарии яке аз шоҳони Форс – Пешдодиён мебарад. Анъана Наврӯзро бо номи Ҷамшеди афсонавӣ мепайвандад. Ба ин шоҳ дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ маълумоти зиёд оварда шудааст. Дар ин асари безаволи хамосавии классики адабиёти тоҷику форс гуфта мешавад, ки асри тилоӣ барои мардум салтанати ҳафтсадсолаи Ҷамшед мебошад. Маҳз ӯ ба одамон ба ҷои либос аз пӯсти даррандагон либоси газворӣ пӯшонид, мардумро аз рӯи касбу кор ва ба табақаҳо тақсим намуд, қонуну қоидаҳоеро ба низом даровард, ки мардум бояд мувофиқи онҳо зиндагӣ кунанд. Дар «Авесто» бошад, гуфта мешавад, ки ӯ дар Хоразм оташи аввалини муқаддаси зардуштӣ — оташкадаи коҳинон Атур Фарибоғро фурузон намуд. Ҳангоме, ки Ҷамшед аз тиллои баландсифат тахти шоҳии худро сохт, ки он аввалин тахт дар таърихи башар будааст ва онро ҳангоми тулӯи офтоб ба қуллаи баландтарини кӯҳ мебардорад ват ахти тиллоӣ аз шӯълаи офтоб чун офтоб нурпошӣ мекунад. Ин рӯзро Наврӯз номидаанд ва онро ҳамчун оғози Соли Нав қайд мекунанд.Чунин шуморида мешавад, ки макони пайдоиши иди Наврӯз Эрони қадим мебошад, ки он парастиши Офтоб ва бо номи пайғамбари афсонавии Зардушт алоқаманд мебошад. Сарчашмаи қадимтарине, ки дар он Иди Наврӯз ёдоварӣ мешавад, Авесто — китоби муқаддаси дини Зардуштӣ мебошад. Ривояте гувоҳӣ медиҳад, ки дар асри VI пеш аз милод, вақте ки Зардушт бо Ахурамаздо ва Кайхусрав мулоқот карда ва дар тахти подшоҳӣ ба ҳаво мебаромад ва ҳиссаҳои хушбахтиро ба раияти худ тақсим мекард, ин рӯз, яъне рӯзи аввали сол – Наврӯзро «Рӯзи Умед» номидаанд.Дар солҳои 272-273 Ҳурмуз, писари Шопур дар мамлакати Сосониён ислоҳоти тақвимро гузаронид, ки бо шарофати он Соли Нав, ё худ, тавре ки он замон мешумориданд, Рӯзи Нав – Навсард (суғдӣ), Навсарҷӣ (хоразмӣ) , Наврӯз (форсӣ) бояд ҳамон вақте ки офтоб ба мадори нишонаи Овин ворид мешуд. То ислоҳоти Ҳурмуз моҳ аз 30 рӯз иборат буда ва он ба шаш 5-рӯзӣ тақсим мешуд ва Соли Нав дар давоми тамоми моҳ ҷашн гирифта мешуд. Вале, сарфи назар аз мақоми иҷтимоии шахсиятҳо ва мардум, он дар рӯзҳои гуногун қайд мегардид. Ҳамин тариқ, дар панҷрӯзаи аввал шоҳҳо ҷашн пешвоз мегирифтанд; дар панҷрӯзаи дуюм – шахсиятҳои наҷиб; дар панҷрӯзаи сеюм – хизматгорон; дар ҳафтаи чорум – пайвандон ва хешу таборон; дар ҳафтаи панҷум – косибон ва савдогарон; дар ҳафтаи шашум — — деҳқонон. Баъд аз ислоҳот Соли Нав дар як сол танҳо як маротиба ва дар зарфи 6 рӯз ҷашн гирифта мешуд. Дар рӯзи 1-ум шоҳ эълон мекард, ки ӯ «баҳри некуаҳволии халқ менишинад» (хоҳиши мардуми оддиро ба назари эътибор гирифта); рӯзи 2-юм ӯ деҳқонон-кишоварзонро қабул мекард; дар рӯзи 3-юм саворагони ҳарбии яккачин ва намояндагони рӯҳониёнро қабул мекард; дар рӯзи 4-ум аъзои оила (ғайр аз писарон)-ро қабул мекард; дар рӯзи 5-ум писаронро қабул мекард; дар рӯзи 6-ум танҳо ҳамонҳоеро қабул мекард, ки ба ин мартаба сазовору шарафманданд.Бузургии Иди Наврӯзӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки зуҳури дини ислом дар асри VII ба мавҷудияти ин иди мардуми эронинажод хотима нагузошта ва монеъ ҳам нашуд. Баракс, он ба арзишҳои исломӣ маънию арзиши тозаи маънавию ахлоқӣ ворид намуд. Дар яке аз ҳадисҳои ислом гуфта мешавад, ки: «Абдуллоҳ ибни Аббос ба набераи худ Абдусамад ибни Алӣ чунин нақл мекунад: «Ба Муҳаммад, бигузор, Худованд нигаҳбонаш бошад, ба хотири Наврӯз косаи нуқрагини пур аз ҳалво тӯҳфа карданд». Пайғамбар пурсид: «Ин чист?». «Форсҳо иди калон доранд». «Бале», -гуфт пайғамбар. –«Ин рӯз рӯзест, ки Оллоҳ соимҳоро зинда кардааст». –«Соимҳо худ чистанд?». — «Соимҳо одамоне мебошанд, ки аз марг тарсида, аз заминҳои худ берун баромадаанд, — онҳо ҳазорҳо нафар буданд!» ва Оллоҳ ба онҳо гуфт: «Ба мурдагон табдил ёбед!» ва баъд онҳоро аз нав зинда кард. Худи ҳамон рӯз осмон ба сари онҳо об рехт. Аз ҳамин сабаб, одамон, чун қоида, дар ин рӯз об мерезанд». Муҳаммад ҳалворо нӯши ҷон карда, косаро даршикаст ва пораҳои нуқрагинро ба ансорҳо тақсим карду гуфт: «Оҳ, кошки ҳар рӯзи мо Наврӯз мебуд!». Иди Наврӯз дар Эрон ва Осиёи Марказӣ Бо ҷашни мӯҳташам пешвозгирии рӯзи баробаршавии шабу рӯз ба пайдоиши тақвими солшумории шамсӣ алоқаманд мебошад, ки он дар рӯзғори мардуми Эрон ва Осиёи Марказӣ ҳафт ҳазор сол қуабл, пеш аз зуҳури дини ислом ба миён омадааст. Дар тӯли ин муддат дар ин минтақаҳои ҳамзабону таърихи муштарақи қадим ва асрҳои миёна анъанаҳои гуногуни наврӯзӣ тавлид ва ташаккул ёфтаанд, ки чандтои онҳоро баён месозем ва онҳоеро, ки дар мақолоти рӯзномаю маҷаллаҳо ва маҷмӯаю рисолаҳои солҳои охир ба табърасида нисбатан камтар инъикос ёфтаанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар Осиёи Марказӣ ва Хуросон барандаи асосии Иди Наврӯз ва анъаноти он мардуми таҳҷоӣ – тоҷикон буданд. Ин аст, ки ҳамаи унсурҳои анъанаю русумоти наврӯзӣ бо забони тоҷикӣ баён ва номгузорӣ шудаанд. Баъзе унсурҳои Наврӯз дар тӯли ҳазорсолаҳои зиёд бо сабаби махсусиятҳои сарфу навҳи (грамматикии) қавмию миллии ғайритоҷикии ин минтақаҳо каме тағйир касб кардаанд, ки онҳо ба рисолат ва шаҳомати ин ид ягон зарра иснод наовардаанд. Баракс, Иди Наврӯз ва анъаноти он воситаҳои муҳими ба ҳам наздикшавии (консолидатсияи) қавмҳои дигари ин минтақаҳо, сарзамини қазоқҳо ва ҳатто аз он ҳам дуртар – Тотористон, Бошқирдистон ва қисмати наздисарҳадии Ғарбии Чин ва Ҳиндустон гардидаанд. Акнун чанде аз анъанаҳои наврӯзии Осиёи Марказӣ ва Эронро баён месозем. Нахуст дар бораи ҳафт унсур ё худ хурданӣ — «син» ва «шин» ҳарф мезанем. Ҳафт унсур ё худ хӯрдании («ҳафтсин» ва «ҳаштшин») сеҳрноки рӯи дастурхон тӯҳфаи рамзӣ ба Офтоб мебошад. Ин тӯҳфаро қабул карда, Офтоб бояд баҳри афзудани ҳосили ғалла, боғдорию обчакорӣ ва шуғли дигари меҳнати одамон ғамхорӣ зоҳир намояд. Ғайр аз ин, дар рӯи дастурхон оина низ мегузоранд ва мувофиқ ба шумораи аъзои оила шамъҳо фурӯзон мекунанд. Ин шамъҳоро то он замоне, ки худашон то охир сӯхта, ба итмом нарасанд, хомӯш кардан мумкин нест. Дар рӯи дастурхон ҳатман нонҳои калони идона ва дар косае об низ гузошта мешавад, ки дар болои оби он ҳатман барги сабзе ҳамчун рамзи баҳору сабзиш ва Наврӯз шино мекунад.Дар Осиёи Марказӣ ягон ид бе оши палав ҷашн гирифта намешавад. Аммо дар иди Наврӯз халис ва суманак хӯрданиҳои асосӣ мебошанд. Ҷараёни пӯхтани ин таъомҳо дуру дароз ва кори мушкиле мебошад. Ин корро аз бегоҳ оғоз мекунанд ва он тамоми шаби пеш аз Наврӯзро мегирад. Пӯхтани суманак кори занҳо ва халис вазифаи мардҳо мебошад. Халис аз 7 унсури хурданӣ ва бо омехта кардани гӯшт тайёр карда мешавад. Суманак таъоми оддию муқаррарӣ набуда, он як таъоми муқаддас ба ҳисоб меравад. Ин аст. ки пеш ва баъд аз пӯхтани он суманакпази асосӣ аз Қуръони Маҷид сураеро мехонад, аниқаш сураи «Ихлос»-ро. Суманакро ба ҳамаи ҳамсоягон, хешовандон ва дӯстон тақсим мекунанд. Пеш аз он, ки суманакро мечашӣ, се орзуи худро вирди забон мекунӣ ва онҳо дар давоми сол ҷомаи амал хоҳанд пӯшид. Дар Осиёи Марказӣ ва Эрон ҳафт унсури болои дастурхон («ҳафтсин» ва «ҳаштшин») аз ҳамдигар каме тафовут дорад. Дар Осиёи Марказӣ ҳафт намуди хӯрданӣ, сипанд, себ, сиёҳдона, санҷит, сирко, сир ва сабзиро ташкил медиҳад. Дар Эрон бошад, сикка, сирко, сир, суман, суманак, санҷит ва сабзӣ. Дар байни онҳо сиккаи эронӣ, ки рамзи боигарӣ мебошад, мавҷуд нест. Чанд унсури дигари «син»-и Осиёи Марказӣ аз «син»-и Эрон тафовут дорад: сипанд ва сияҳдона. Ин тафовутро пеш аз ҳама бояд дар махсусияти тафаккур ва рӯзғори таърихии мардуми тоҷику форс кофт, вале ҳар кадом ҳамдигарро пурратар гардонида, аҳамият ва обрӯю манзалати ин иди бузурги миллии моро боз ҳам баландтар бардоштааст.Дар динҳои Зардуштия ва Ислом рақами 7 муқаддас номида шудааст. Дар замонҳои қадим дар баробари «ҳафтсин» ва «ҳафтшин» «ҳафтмим» (номи ҳарфи арабӣ дар алифбои форсӣ) низ будааст. Вале бо сабаби хароҷоти зиёд се дастурхон густурдан хеле кам тифоқ меафтад. Бо ҳамин ду «син» — «ҳафтсин» ва «ҳаштсин боқӣ мондаанд ва қариб кассе «ҳафтмим»-ро ба забон намегирад.Дар замони қадим дар Эрону Хуросон Наврӯз 13 рӯз ид карда мешуд. Дар хотимаи ҷашн, яъне рӯзи 13-ум мардум ба саҳро баромада Соли Навро пешвоз мегирифтанд. Чунин шуморида мешуд: одамоне, ки ба саҳро баҳри лаззат бурдан аз табиат баромадаанд, онҳоро дар тӯли тамоми сол хушбахтию бурдбориҳо ҳамроҳӣ хоҳад кард. Ин анъана дар Эрон то ба имрӯз ҳам омада расидааст. 5 рӯзи аввал ба вохӯрии Наврӯз ва 3 рӯз ба аёдати хешу табор ва дӯстон бахшида шудааст. Рӯзи нӯҳум ҳамчун Шаҳрёрони Наврӯз (Наврӯзи Шоҳ) маълум аст, рӯзи сенздаҳум «Сенздаҳ бадар» (Сенздаҳи берун аз манзил) номгузорӣ шудааст. Рӯзи сенздаҳум рӯзи охирини ҷашни оғози Соли нави тақвими ҷамшедӣ – Наврӯз мебошад. Он рӯз мардум бо ҳамроҳии хешу таборон рӯзи 13-уми баҳорро дар муҳити табиат гузаронида, гӯё, ки ба ин васила бо он оштӣ мешаванд. Дар Ӯзбекистон пеш аз ҷашн соҳибзани Иди Наврӯз – Баҳорхонумро интихоб мекунанд. Ӯ бояд зебою хушсалиқа, шӯх ва боақлу фаросат бошад. Дар озмуни дигар Деҳқонбобо интихоб мешавад. Ба ин вазифа чун анъана ду нафар — оқсақол (пири кору шахси обруманд) ва ҷавоне интихоб мешаванд. Дар озмуни сеюм Момоёр – Замин интихоб мегардад. Ана ҳамин чор персонажи иди Наврӯз пероҳани зебою рангоранги миллӣ ба бар карда, идро кушода эълон мекунанд. Онҳо дар мошини бо гулҳо орододашуда дар иҳотаи мутрибону ҳофизон кӯчаҳоро давр зада, ҳамаро ба майдони асосии шаҳр ба ҷашни Наврӯз даъват менамоянд. Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон бо ҳузури гули НаврӯзӣИн ҷо мо дар бораи ҳамаи муқаррарот, анъаноти таърихию фарҳангӣ ва маънавию ахлоқии иди Наврӯз ҳарфе заданӣ нестем, зеро аз онҳо кулли мардуми кишвар хеле хуб огаҳ мебошанд ва онҳоро риоя мекунанд. Мақсади мо он аст, ки ба яке аз паҳлӯҳои хеле муқаддасу ҷаззоб ва анъаноти ҳамаи минтақаҳои дигаре, ки ин ид дар он ҷойҳо ҷашн гирифта мешавад ҳамчун ишора фикри хешро баён менамоем. Ин паҳлу бо гул дар иртиботи қавӣ будани Соли Нави Наврӯзӣ мебошад. Гап дар сари он меравад, ки ҷашни Наврӯзии тоҷикӣ ҳамеша бо «ҳузури» гулҳо мегузарад Мо ин феноменро дар анъаноти наврӯзии халқҳои дигар, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ инъикос гардидаанд, мушоҳида карда наметавонем ва ё бо сабабҳои дигар онҳо дастраси мову шумо нестанд. Оре, дар ҳамаи давру замонҳои ҷашни Иди Наврӯз маҳз минтақаҳои тоҷикнишин чанд намуд гули пайдарпайи дар арафаи ин ид мешукуфтагӣ сарахбори фаро расидани Наврӯз мебошанд. Шояд ин зуҳурот сабаби махсусияти иқлиму наботот ва ё тафаккури халқи мо алоқаманд фарорасии Соли Нави наврӯзӣ бошад, ки гулҳо аз ҷумлаи беҳтарин унсурҳои онҳо бошанд.Гули Бойчекак ва ё Тағорашиканак. Воқеан гули бойчечакро дар минтақаҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ «Гули тағорашиканак» ном мебаранд. Мардуми Хуросони Эрон низ онро бо ибораи дар робита бо мафҳуми «шикастан» ном мебаранд, лекин на тағорашиканак, балки «Табақшиканак» ном мебаранд. Шояд имрӯз ин гулро тавре ном бибарем, ки аҷдодони мову эрониён ном мебурданд, яъне «Тағорашиканак» ва ё «Косашиканак». Мӯҳтавои номи гули Тағорашиканак он аст, ки ин гул ҳамон замоне мешукуфад, ки ҳанӯз хунук аст ва дар ин хунукӣ ҳатто тағора сафолӣ мешиканад. Изофа мекунем, ки дар вақташ тағора ва ё коса сафолӣ буд ва табиист, ки дар ҳавои сард он мешикаст. Махсусияти ин растанӣ тобоварии он ба сармо мебошад, ки аз хунукӣ натарсида, мешукуфад ва ба мардум мужда аз баҳор ва Соли нави Наврӯзӣ меорад.Ин гули барвақтӣ қариб як моҳ қабл аз Наврӯз, замоне, ки ҳаво акнун ба гармшавӣ шурӯъ мекунад, дар он ҷойҳое, ки барф аллакай об шуда истодааст, мешукуфад. Гули Тағорашиканак аввалин қосиди наздикшавии Баҳор мебошад. Мардуми мо ҳамчун рамзи рӯй дидан ба сабзиву хуррамӣ онро ба дидаҳои худ мемоланд ва дар соли нави наздикшаванда орзуҳои нек карда, Наврӯзро бетоқатона интизор мешаванд. Гули Сияҳгӯш. Дуюмин гулест, ки аз Наврӯз замоне, хеле гуворо дарак медиҳад гули Сияҳгӯш (гарчанде, ки дар арафаи ин қоқуф ва баъзе гулҳои на онқадар диққатҷалбкунанда мешукуфанд) мебошад. Гули Сияҳгӯш сегӯша аст ва ҳар гӯшаи он абрӯи аруси усмакашидаро мемонад. Он аввал дар қисмати офтобрӯяҳои доманаҳои кӯҳӣ мешукуфад ва ҳавои тозаю салқинро хуш мепазирад. Дар арафаи иди Наврӯз чун анъанаи дерину муқаддас наврасон либоси идона ба бар карда, дар нӯги ходаи тахминан 2-метра бо навори сафеду сабз ва сурхи тӯпакдор баста, дар бораи фаро расидани соли нави наврӯзӣ дар маҳали зисти худ хона ба хона гашта, бо суруду шеърхонӣ ба мардум муждаи наврӯзӣ мерасонанд. Қисме аз хурду калони маҳал ба ин дастаи «гулгардонҳо» мепайванданд. Баъд аз маводи хӯроквории ҷамъомада хӯроке бо номи далда (дар маҳалҳои гуногун номи ҳархела дорад) мепазанд ва онро мардуму меҳмонон нӯши ҷон мекунанд. Ин гулро низ ҳамчун рамзи фарорасии Соли нави Наврӯзӣ ба дидаҳояшон мемоланд ва аз он хурсанданд, ки Худованд онҳоро ба Соли Нав – иди Наврӯзӣ расонидааст. Лекин ба гули Сияҳгӯш монанд боз гули дигаре низ ҳаст. Гули Наврӯзӣ. Гули Сияҳгуш бунафшаранг мебошад. Аз рӯи шакли бутта ва ранг аз гули Сияҳгӯш тафовуте дорад. Фарқияти Гули Наврӯз аз гули Сияҳгӯш дар аз замин булулак шуда, сар мезанад ва мешукуфад. Гули Наврӯзӣ бошад, заминро чок карда, аввал тану баргҳояш пайдо мешаванд ва сипас аз ин худи гул мешукуфад. Гули Наврӯзӣ дар арафа ва рӯзҳои Иди Наврӯзӣ мешукуфад ва меҳмони азизу мӯътабари Наврӯз дар хонадони мардум ва ҷашну маъракаҳои наврӯзӣ мешавад. Гули Наврӯзӣ дар шароити баландкӯҳ мерӯяд. Он дар шароити дашт низ мерӯяд, ба шарте ки решаи онро оварда, дар ҳавлӣ шинонию хуб нигоҳубин намоӣ. Дар рӯзҳои иди Наврӯзӣ бо гулҳои Сияҳгӯш ва Наврӯзи гусуҳои духатрону бонувон ва хонумҳо оро дода мешаванд, онҳоро ба ҳамдигар тӯҳфа карда, бо ид табрик мегӯянд, дастурхону мизҳои идонаро зебу зинат медиҳанд ва ҳоказоҳо. Гулҳои Сияҳгӯш ва Наврӯзӣ рамзи зебогӣ, сабзиш ва хурсандии иштирокчиёни Иди Наврӯз мебошанд. Боз ҳам хотиррасон менамоем, ки Наврӯз «соҳиби» гулҳои худ мебошад, ки он Гули Наврӯзӣ номида шудааст.. Иди Наврӯз дар ҚафқозНаврӯз иди дӯстдошта ва фараҳбахши Озарбойҷон – “мамлакати оташҳо” ва озарҳо мебошад. Тавре аз сарчашмае бармеояд, дар рӯзҳои ҷашни Иди Наврӯз мардуми озар муттаҳид мешаванд. Дар он рӯзҳо мардум на ба сардор тақсим мешаваду на ба тобеъ, на ба бою на ба камбағал ва на ба сер ва на ба гурусна, ҳама баробаранд. Он рӯзҳо мардум дарахт мешинонад. Буридани дарахт гуноҳ аст. Муҳим аст, ки дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз дар дастурхони идона оши палав, ширинию хӯрданиҳое бошанд, ки номи онҳо бо ҳарфи “с” оғоз мешавад. Ғайр аз донаҳои гандуми сабзидаи “самани”, суманак, “сиб”, яъне себ — рамзи зебогии муҳити иҳотакарда, “серке”, яъне сирко — рамзи дарозумрӣ ва пуртоқатӣ, “сенҷед”, яъне санҷит — рамзи ишқу муҳаббат, “секке”, яъне сикка — рамзи боигарӣ ва “сир” – рамзи саломатию бардамӣ мебошанд, гузошта шудаанд. Маълум аст, ки ин «ҳафтшин ба Озарбойҷон ҳанӯз дар замони қадим аз Эрон омадааст. Дар рӯзи сешанбеи охирини Наврӯз одамон бояд анъанаи аловпаракро иҷро нимоянд. Агар гулханро кӯдаки хурдсол фурузон кунад, гулхан махсусан тозаю беолоиш, яъне барои инсон фоидабахш мегардад. Бисёр вазифаю ташвишҳои хурсандибахши Иди Наврӯз ба зимаи занон гузошта шудаанд, ки ин рамзист. Дар арафаи Наврӯз ҳама дар манзил ҷо бояд тозаю ороста ва пероста бошад. Соҳибхоназанҳо аз ҳамаи ашёҳои кӯҳна — сару либос ва палосҳои корношояму фартут халос мешаванд. Тавре як соҳибхоназани озарбойҷонӣ Нӯшоба Гасимова мегӯяд: -Ман бо ҳамроҳии духтаронам Сабина ва Севанҷ шириниҳои аҷоиби наврӯзӣ — ҳавлою шакарбурро таҳия намудаем. Мо ба анъанаҳои наврӯзии хеш эҳтироми бепоён дорем. Се рӯз пеш аз ид аз гандум суман – “сямянӣ” месабзонем тухмии гандумро корида, духтарони ман аз онҳо бо илтифот хоҳиш менамоянд, ки: “Тухмиҳо, моро ҳифз намоед ва мо ҳарсола шуморо хоҳем сабзонид”. Дастурхони идона аз оши палав, шириниҳо, тухмҳои рангорунг пур карда шуда, дар он оина низ гузошта мешавад. Мувофиқи мазмуну мӯҳтавои асотире, Замин дар нуги шохҳои буққаи афсонавӣ нигоҳ дошта мешавад. Чун буққа хаста мешудааст, борро аз як шохаш ба шохи дигар ҳаво медодааст ва ин лаҳза Наврӯз фаро мерасидааст. Маҳз бо ҳамин сабаб дар дастурхон оина ва дар болои он тухми рангкардашуда гузошта мешавад Аз ларзиши оина фаҳмида мешудааст, ки буққа курраи Заминро ҳамон лаҳза ба шохи дигараш “партофтааст” ва бо ҳамин соли нав оғоз ёфтааст”. Халқҳои арману гурҷ ва халқҳои дигари Қафқоз низ анъанаҳои қадимаи наврӯзӣ доранд, ки онҳо аз замони дар ҳайати давлатҳои Модҳо, Ҳахоманишиён, Сосониён ва сулолаҳои дигар эронӣ будани қаламрави Қафқоз сарчашма гирифта, ташаккул ёфта буданд. Вале бо сабабҳои таърихи қисме аз онҳо ба хотири фаромӯшӣ супурда шудаанд ва қисми дигарашон бо анъанаҳои дигари миллии ин халқҳо омехта гардида, тамаддуни халқҳои сокини ин минтақаро ғанӣ гардондаанд. Бо сабаби ба истиқлолияти давлатӣ ноил шудан ва Иди байналмилалӣ эълон гардидани Наврӯз дар рӯзғор ва тарзи зиндагии халқҳои Қафқози имрӯза низ таҳаввулот ва баргашт ба баъзе анъаноту тарзи зиндагии ниёгон ба назар мерасад, аз он ҷумла ба Иди Наврӯз ҳам. Чанде пеш Саакашвили, раиси Ҷумҳурии Гурҷистон, Наврӯзро дар қаламрави мамлакат Иди миллӣ эълон намуд. Ҳамин тариқ, дар Қафқоз ғояҳои рӯҳбахшу ахлоқӣ ва башардӯстонаи Наврӯз беш аз пеш доман паҳн менамоянд.Иди Наврӯз дар Федератсияи Русия ва давлатҳои дигарМутобиқи иттилооти васоити ахбори электронӣ, аз он ҷумла шабакаи интернет 24 моҳи марти соли ҷорӣ Иди байналмилалии Наврӯз дар Толори давлатии консертии «Россия» ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашнро Ҳукумати шаҳри Москва маблағгузорӣ менамояд. Тавре ки дар ҳуҷҷат омадааст, «Дар он метавонанд намояндагони ҳамаи халқу миллатҳое, ки Наврӯзро иди анъанавии худ мешуморанд, иштирок намоянд.Барои тайёрии ҳаматарафа ба ин ҷашн аллакай дар зери раёсати сарвари Департаменти ҳамкории байниминтақавӣ, сиёсати миллӣ в робита бо созмонҳои динии Москва Юрий Антюха маҷлиси нахустин оид ба тайёрӣ ва доир намудани ин ид доир гардид. Дар он намояндагони сафоратхонаҳои давлатҳои ИДМ, департаментҳои шаҳрдории Москва, созмонҳои миллӣ ва ҷамъиятии муқими пойтахти Русия баргузор гардидааст. Боварӣ дорем, ки имсол иди Наврӯз дар Москва хеле мӯҳташаму дилнишин доир мегардад.Таи чанд со ласт, ки қариб дар тамоми минтақаю шаҳрҳои Русия бо иштироки фаъолони намояндагиҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳамаи дар муҳоҷиратбуда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳукуматҳои ва мардуми маҳаллии онҳо ҷашни Наврӯз ботантана ва шодию сурур доир гардонда мешавад. Ҳамин тариқ, дар он ҷойҳо машъалҳои ғояҳои башардӯстонаи тоҷикон фурӯзон мешаванд ва қалбҳои намояндагони қавму миллатҳои гуногуни Русияро гарм мекунанд.Мо ҳамчун омоиш ба саҳифаҳои интернетии давлатҳои гуногуни ҷаҳон оид ба ҷашни Наврӯз муроҷиат намудем ва дарёфтем, дар ҳама ҷо ташаббускории ташкили ҷашни Наврӯз корпусҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон будаанд. Ин ҷашн барои онҳо яке аз чорабиниҳои муҳими сол баҳри муаррифӣ намудани мардуми он кишварҳо ба тамаддуни пешқадами гуманистии мардуми мо мебошад. Барои ин кори наҷибашон мо ба онҳо ташаккури бепоён изҳор менамоем. + + +Имрӯз иди Наврӯз дар Эрон, Озарбойҷон, Албания, Афғонистон, Гурҷистон, Курдистони Ироқ, Канада, Қирғизистон, Македония, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Тоҷикистон Тотористон ва Бошқирдистон ҳамчун иди давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳамин тариқ, ҷуғрофияи ин иди байналхалқӣ сол то сол васеътар мешавад ва он рӯз дур нест, ки Наврӯз воқеан давлатҳои зиёди ҷаҳонро дар бар гирифта, яке аз нишонаҳои оламшумули тамаддуни мардуми ориёинаҷот – Наврӯз дастраси тамоми мардуми Сайёра мегардад. Таваралӣ Нозимпур Зиёзода, сармутахассиси Маркази миллиитестии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, аълочии маорифиТоҷикистон








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






