Беҳтарин паҳлавонон дар Наврӯзгоҳ қувва меозмоянд

Март 18, 2013 14:50

Душанбе, 18 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз рӯзҳои 24 ва 25 марти соли равон соати 10:00 дар Наврӯзгоҳи пойтахт мусобиқаи кушоди пойгаи равон ва гӯштини миллӣ гузаронида мешавад. Дар ин хусус раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба тасвиб расонд. Дар асоси ин қарор раиси шаҳр ба сохторҳои марбутаи пойтахт супориш додааст, ки барои ташкил ва гузаронидани мусобиқаҳои пойгаи равон ва гӯштини миллӣ аз буҷаи пойтахт беш аз 109 ҳазор сомонӣ ҷудо намоянд. Ҳамзамон сохторҳои дахлдори пойтахт муваззаф гардидаанд, ки ба ин мусобиқот беҳтарин аспсаворон, варзишгарон ва паҳлавононро аз минтақаҳои мухталифи кишвар даъват ва ҷалб созанд.

Март 18, 2013 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!