Мулоқоти Э. Раҳмон бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар»).-Дар вохӯрӣ бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт, шайх Холид ал-Ҳамад оли Сабоҳ масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуд.“Тоҷикистон дар доираи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ба рушди равобити дӯстона ва ҳамкории судовар бо кишварҳои араб, хусусан Давлати Кувайт ва дигар кишварҳои ҳавзаи Халиҷ, аҳамияти афзалиятнок медиҳад”.Таваҷҷуҳи хос ба ташкил ва густариши ҳамкории судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид.Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафарҳои қарибулвуқуи расмии роҳбарони аввали ду давлат ба кишварҳои ҳамдигар ба ин раванд ва дигар ҷанбаҳои ҳамкории Тоҷикистону Кувайт такони ҷиддӣ мебахшанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






