Наврӯз олиҳаи ҳусни сол аст!

Март 20, 2013 15:41

Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Бахшида ба ҷашни Наврӯзи Аҷам дар Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он олимони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, кормандони илмии Пажуҳишгоҳ ва донишҷӯёни Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов иштирок намуданд.  Дар ҷамъомад маърӯзаи номзади илмҳои педагогӣ Ҷамолиддин Саидзода дар мавзӯи таърихи таҷлили Наврӯз ва ҷаҳонишавии он шунида шуд. Саидзода зикр намуд,ки Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ таърихи чандҳазорсола дорад ва аз оғоз бо руҳи байналмиллалӣ ҳамроҳ буд. Бинобарин мо бояд Наврӯзро бо талаботи рӯзгори муосир ва падидахои мутараққии он боз ҳам ғанитар созем. Ҷамолиддин Саидзода пешниҳодҳои мушаххаси худро оид ба таҷлили Наврӯз баён намуд,ки мавриди қабули донишмандон қарор гирифт. Олимон пешниҳоди Ҷамолиддин Саидзодаро маъқул донистанд ва онро ба маъмурияти Академияи таҳсилот, Вазорати маориф дар миён гузоштанд. Инчунин академик Маҳмадулло Лутфуллоев дар мавзӯи «Наврӯз ҷашни таърихист» ва Тӯйчӣ Миров дар мавзӯи «Васфи табиат дар ашъори Рӯдакӣ маърӯза намуда, андешаҳояшонро баён намуданд. Дар охири ҷамъомад донишҷӯёни Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов шеъру таронаҳои наврӯзӣ қироат намуданд.

Март 20, 2013 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!