Сигор сабабгори марг шуд
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов ).-Кашидани сигор дар ҷойгаҳи хоб ҳангоми сархушӣ боиси сар задани сӯхтор дар манзили истиқоматии як сокини вилояти Суғд гардид. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ додааст, ки шоми 2-юми марти соли равон, соати 19:44 дар манзили истиқоматии Комилҷон Ваҳҳобов, cокини кӯчаи Маърифат, хонаи 18-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сӯхтор ба амал омада, дар натиҷа 30 метри мураббаъ аз масоҳати ҳуҷраи истиқоматӣ бо молу ашёҳои рӯзгори соҳибхона зарар дидааст. Ҳамчунин қисми зиёди бадани Комилҷон Ваҳҳобов дар оташ сӯхта, дар ҷойи ҳодиса то расидани оташнишонон ба ҳалокат расидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






