«Силро боздоред, ҳоло ки ман зиндаам»
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дирӯз бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил таҳти шиори «Силро боздоред, ҳоло ки ман зиндаам» дар толори «Кохи Ҷомӣ» бо иштироки намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ шоу-барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Мақсади асосии Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил ҷалби таваҷҷуҳи ҳукумат ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба масъалаи мазкур ва қавӣ гардонидани ин ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар чорабинӣ масъулин аз талошҳои дастаҷамъӣ бар зидди бемории сил сухан ронда, аз ҷумла pbrh намуданд, ки тибби муосир дар самти табобати бемории сил муваффақ аст ва гирифторони ин беморӣ пурра метавонанд шифо ёбанд, ба шарте ки сари вақт ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намуда, аз ташхис гузаранд ва муҳлати пурраи табобатро риоя намоянд. Инчунин дар чорабинӣ ба рӯзноманигорон барои нашри мақолаи беҳтарин дар нашрияҳо ва сомонаҳои интернетӣ, барномаҳои радио ва телевизион ва роликҳои иҷтимоӣ оид ба бемории сил ва сироятҳои ҳамбастаи БС/ВНМО, ҳамчунин ба табибони силшинос ва ҳамшираҳои шафқат ифтихорнома ва мукофотҳо тақдим гардид.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






