100 компютери нав барои донишгоҳ
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Тавре ки котиби матбуотии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Бахтиёри Абдураҳим ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, баҳри таҳкими заминаи техникии донишгоҳ 100 адад компютер ва 20 адад принтер харидшуд. Дар ҷамъомаде, ки бахшида ба тақсими компютерҳо доир гардид, ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов зикр кард, ки ин компютерҳо вобаста ба дархости сохторҳои донишгоҳ тақсимбандӣ шудаанд ва дар нақша ҳаст, ки ба наздикӣ боз 150 адад компютери дигар харидорӣ намоянд.Дар такя бар гуфтаи сарвари таълимгоҳ, раёсати донишгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то дар ояндаи наздик дар маърифатгоҳамон барои ҳар се нафар донишҷӯ як компютер бошад. Дар асоси нақшаи дурнамои донишгоҳ дар соли 2020 шумораи компютерҳои таълимгоҳ чандин баробар афзоиш дода мешавад, ки ба ҳар нафар донишҷӯ як адад рост меояд. Бино бар иттилои ректор, вазири маорифи кишвар ваъда дода, ки барои донишгоҳ 13 тахтаи электронӣ тақдим хоҳад кард. Таҷҳизи сохторҳои донишгоҳ имкон фароҳам меорад, ки омӯзгорону донишҷӯён ба технология навин дастрасии бештар пайдо кунанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






