Қонуншиканӣ дар роҳҳои мошингард
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар давоми як ҳафтаи амалиёти «Чароғаки сурх» ва моҳи бехатарии ҳаракат дар роҳ, ки аз 17 апрел дар шаҳри Душанбе эълон шудааст, 1 ҳазору 485 ҳодисаи қонуншиканӣ дар роҳҳои мошингард ошкор гардид. Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин амалиёт ба манзури таъмини бехатарӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон ва шахсони пиёдагард рӯи кор оварда шудааст. Амалиёти «Чароғаки сурх» бо ҷалби кормандони милиса ва ихтиёриён сурат мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






