Ҳадя ба китобхонаи донишгоҳ
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Дар доираи озмуни якмоҳаи мутолиаи китоб дар Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ декани факултаи забон ва адабиёти руси ҳамин таълимгоҳ Маҳмадулло Раҷабов 187 китоби дарию таълимӣ, методӣ, илмӣ, илмию оммавӣ ва бадеиро, ки бо забони русӣ дар солҳои гуногун нашр гардидаанд, ба китобхонаи донишгоҳ тақдим намуд. Зимни суҳбат мавсуф ба мо иброз дошт, ки китобҳои мазкур моли шахсии ӯ буда, аз замони мактабхонӣ то имрўз барои истифодаи худ гирдоварӣ карда буд. М.Раҷабов ҳадаф аз ин амали некро ғанӣ гардонидани хазинаи китобхонаи донишгоҳ ва ба ин восита саҳмгузорӣ дар раванди таҳсили босамари донишҷӯён унвон кард.Қобили зикр аст, ки ин иқдоми М.Раҷабов боиси дастгирӣ ва пайравии ҳамагон мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






