Бозии «Равшан» бо «Ал Қудсия» дар Хуҷанд
Душанбе,9 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат)-Нимаи дуюми имрӯз, 9-уми апрел дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар даври чоруми мусобиқаи гуруҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (АФК)дар шаҳри Хуҷанд бо тими «Ал Қудсия»-и Кувайт рақобат мекунад.Дастаи «Равшан», ки дар гуруҳи D бозӣ мекунад, дидорашро бо клуби «Ал Қудсия»-и Кувайт дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд мегузаронад. Ёдрас мешавем, ки дастаи «Равшан» дар бозии даври сеюми худ дар мусобиқаи гуруҳии Ҷоми АФК дар гуруҳи D 3-юми апрел дар варзишгоҳи Муҳаммад Ал Ҳамади пойтахти Кувайт аз тими «Ал Қудсия» бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд ва дар гуруҳи худ дар зинаи охирин қарор дорад. Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бозии даври чоруми худро дар гуруҳи А 10-уми апрел дар сафар бо тими «Кувайт»-и Кувайт анҷом медиҳад. Дастаи «Регар-ТадАЗ» низ дар дидори даври сеюми худ аз рақибаш шикаст хӯрд ва дар садри охири ҷадвали гуруҳ қарор дорад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






