Муҳокимаи масоили гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Имрӯз дар шаҳри Душанбе масоили гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Осиёи Марказӣ, роҳҳои ҳалли онҳо ва сар задани хавф баъди соли 2014 аз Афғонистон хориҷ шудани қувваҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор мегирад. Семинари байналмилалиро Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ роҳандозӣ намудаанд. Тавре ки аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳошияи ин чорабинӣ 22 апрел роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ Рустам Назаров бо ташкилкунандагони семинар як қатор мулоқотҳо анҷом дода, аз ҷумла, бо намояндаи махсуси Дабири кулли СММ Мирослав Енча сӯҳбат намуд. Дар ҷараёни мулоқот масоили роҳҳои ҷилавгирии интиқоли маводи нашъаовар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, таҳкими техникии сарҳадот, тамоюлҳои хатарнок гардидани вазъи маводи нашъаовар дар минтақа, ҳамчунин масъалаҳои ташкили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа муҳокима шуданд. Рустам Назаров ҳамчунин бо ҳамоҳангсози барномавии лоиҳаи манъи савдои маводи нашъаовари Афғонистон Ҳоқон Демирбукен, мушовири калон ва роҳбари Раёсати давлатии ИМА оид ба Аврупо, АвруОсиё ва Барномаи Осиё Ҷеймс Каллаҳан сӯҳбат намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






