Мулоқоти Э. Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо

Апрель 10, 2013 16:16

Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Брюсел Ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм МОЛТЕРЕР-ро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили густариши ояндаи ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.Бо қаноатмандӣ ёдоварӣ шуд, ки Тоҷикистон нахустин шарики Бонки сармоягузории Аврупо дар Осиёи Марказӣ аст. Ҳоло бо харҷи 21 миллион евро сармоягузории қарзӣ ва грантии ин бонк лоиҳаи “Барқарорсозии соҳаи энергетикаи Тоҷикистон” татбиқ мегардад.Вилҳелм МОЛТЕРЕР изҳор дошт, ки Бонки сармоягузории Аврупо тасмим дорад, минбаъд доираи фаъолияти худро дар Тоҷикистон васеъ намуда, дар баробари энергетика бахшҳои инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, кишоварзию ва амнияти озуқаворӣ ва соҳаҳои иҷтимоиро фаро бигирад.Дар ҳошияи ин мулоқот миёни Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо санади нави ҳамкорӣ — Ёддошти тафоҳум оид ба густариши ҳамкорӣ ба имзо расид. Ба ин санад аз ҷониби Тоҷикистон Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва Ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерер имзо гузоштанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 10, 2013 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад