Мулоқоти Э. Раҳмон бо Президенти Комиссияи Аврупо
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар»).-Зимни суҳбати Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Маннуэл Баррозу низ муносиботи ояндаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дорои дурнамои густурда номида шуд.Аз татбиқи босамари барномаҳои Иттиҳоди Аврупо ба монанди БОМКА/КАДАП, «Темпус» ва «Эразмус Мундус» ва дастгирии макромолиявию техникии Тоҷикистон арзи қаноат карда шуд.Изҳори боварӣ карда шуд, ки мулоқотҳои имрӯза бо роҳбарияти олии сохторҳои марказии Иттиҳоди Аврупо ба густариши муносиботи судманди ду ҷониб, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат ва амният, иқтисоду савдо, сармоягузорӣ, иҷтимоиёт, илму техника ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.Бино ба таъкиди Жозе Маннуэл Баррозу, “Тоҷикистон оянда ҳам, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Стратегияи таҳияшавандаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 ва барномаю лоиҳаҳои сершумори мо дар Афғонистон чун кишвари калидӣ дар ин минтақа боқӣ хоҳад монд”.Аз Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Маннуэл Баррозу даъват карда шуд, ки барои идома додани муколамаи созандаи ду ҷониб ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






