Мулоқоти Э. Раҳмон бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо

Апрель 10, 2013 18:03

Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар»).-Мулоқот бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Ҳерман ван Ромпей аз чорабиниҳои марказии барномаи имрӯзаи боздиди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Брюсел буд.Зимни вохӯрӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: “Иттиҳоди Аврупо аз рӯи нишондодҳои гардиши мутақобилаи мол ҳоло дар қатори панҷ шарики аввали тиҷоратии кишвари мо қарор дорад”.Тавре зикр гардид, дар соли 2012 ҳаҷми мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо зиёда аз 450 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин нишондод солҳои оянда хеле афзоиш меёбад, зеро ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо ва дигар омилҳои муассир ба он мусодат хоҳанд кард.Ба Иттиҳоди Аврупо ва сохторҳои дахлдори он барои дастгирии Тоҷикистон дар раванди ҳамроҳшавӣ ба Созмони ҷаҳонии савдо арзи сипос карда шуд.Изҳори итминон карда шуд, ки иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории ба рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистон нигарондашуда ҳам ба афзоиши бештари робитаҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо мусоидат мекунанд.Доир ба идомаи ислоҳоти фарогири Тоҷикистон, демократикунонии ҷомеа, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва ба таври озоду шаффоф баргузор намудани интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.Изҳори боварӣ карда шуд, ки интихоботи президентӣ инъикосгари воқеии рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мегардад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 10, 2013 18:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад