Нахустин намоишгоҳи «Авто ретро Душанбе»

Апрель 10, 2013 15:44

Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нахустин фестивал –намоишгоҳи автомобилҳои коллексионии «Авто ретро Душанбе» 21 апрел дар Душанбе созмон дода мешавад. Ин чорабинӣ дар доираи Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, гузаронида мешавад. Дар ин хусус раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба тасвиб расонид. Тибқи ин қарор нахустин фестивал-намоишгоҳи автомобилҳои коллексионии «Авто ретро Душанбе» дар майдончаи назди роҳи ҳалқавии бурриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳ.Шерозӣ баргузор ва паради автомобилҳои коллексионӣ дар самти кӯчаи Карамов, хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои С.Айнӣ ва А.Дониш гузаронида мешавад. Дар робита ба ин Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётро ҳангоми гузаронидани фестивал-намоишгоҳ таъмин намояд.

Апрель 10, 2013 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд