Парлумон ба лоиҳаи қонуни Маҷлиси Олӣ тағйирот ворид месозад
Душанбе, 23 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Аъзои Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласае, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ доир гардид, маҷмӯи масъалаҳои муҳими марбут ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро баррасӣ намуданд. Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» аз номгӯи маҷмӯи масъалаҳои баррасишавандаанд. Дар ҷаласа ҳамзамон «Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти муҳандисии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», «Тасҳеҳот ба Созишнома оид ба таъсиси Бонки аврупоии таҷдид ва рушд» ва соири масъалаҳо матраҳ гаштанд. Бо назардошти фикру андешаҳои раисони кумитаҳои палатаи поёнии Парлумони мамлакат қисме аз масъалаҳои баррасигардида барои муҳокима ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон ва бархеи дигар ҷиҳати такмил ба кумитаю комиссияҳо ва барои додани хулосаи ташхиси ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол гардиданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






