Пешниҳоди лоиҳаҳои инноватсионӣ
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Бо ташаббуси Маркази дастгирии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар толори Шӯрои олимони ҳамин таълимгоҳ мулоқоти ректор Абдуҷаббор Раҳмонов бо муҳассилини лаёқатманду эҷодкор баргузор гардид. Ҳадаф аз вохӯрии мазкур баланд бардоштани сатҳи саводнокии донишҷӯён ва такмили лаёқати эҷодкории онҳо арзёбӣ шуд.Тавре ки дар оғози ҷамъомад роҳбари Маркази дастгирии донишҷӯён Афзалшо Саидов изҳор кард, ҳамкории байни ин марказ ва донишҷӯён дар айни замон дар сатҳи паст қарор дорад ва масъулинро мебояд, ки равобитро тақвият бахшанд. Дар ҷамъомад ду лоиҳаи инноватсионӣ аз тарафи донишҷӯён Қ.Саидзод ва А.Саидов, донишҷӯёни факултаҳои физика ва география пешниҳод гардид. Лоиҳаҳо аз ҷониби сарвари таълимгоҳ мақбул дониста шуда, таъкид гардид, ки онҳо мавриди омӯзиш қарор мегиранд ва сипас, дар амал татбиқ хоҳанд гашт. Абдуҷаббор Раҳмонов ҳамзамон, зикр кард, ки бояд ҳар як донишҷӯ барои пешниҳод кардани ҳадди ақал як лоиҳа кӯшиш намояд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






