Пешниҳодоти Президент дар парлумон баррасӣ мегардад
Душанбе, 23 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Интизор меравад, ки фардо палатаи поёнии Парлумони мамлакат-Маҷлиси намояндагон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озод намудани Ашӯралӣ Мирзоев аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи таъйин намудани Назаралӣ Файзалов ба вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ ва тасдиқ намояд. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии давлатӣ дар бахши назорати молиявӣ буда, тобистони соли 2011 таъсис дода шудааст. Ниҳоди мазкур ҳамзамон қисми хароҷот ва даромади буҷаи давлатӣ, маблағҳои ғайрибуҷавӣ, сармояи хориҷиеро, ки барои рушди иқтисоди кишварамон ҷалб мегарданд, назорат менамояд. Палатаи ҳисоб танҳо ба Президент ва Парлумони мамлакат тобеият дошта, тибқи қонунгузории кишвар сараудитори Палатаи ҳисоб ба муҳлати ҳафт сол бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Парлумони мамлакат таъйин мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






