Рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ муътадил аст

Апрель 23, 2013 14:25

Душанбе, 23 апрел. (АМИТ “Ховар”, Покиза Маҳмадбекова). Раванди рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли 2013 дар сатҳи нисбатан муътадил қарор дошт. Аз рӯи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми ММД дар ин давра ба 6,7 млрд. сомонӣ баробар шуда, суръати рушди воқеии он 7,3 фоизро ташкил намуд. Рушди муътадил дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла, дар соҳаи сохтмон — 13,3 фоиз, гардиши савдои чакана — 11,8 фоиз, хизматрасонӣ — 10,0 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ — 7,6 фоиз ва маҳсулоти саноатӣ — 5,5 фоиз ба қайд гирифта шуд. Сатҳи таваррум дар давраи ҳисоботӣ 1,2 фоизро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ бетағйир монд. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои хизматрасонии пулакӣ — 3,5 фоиз, маҳсулоти хӯрокворӣ — 1,1 фоиз ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ — 0,6 фоиз фоиз ба миён омад. Ҳамзамон сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) 6,5 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 банди фоизӣ зиёд мебошад. Тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таварруми аслӣ дар ин давра 0,2 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,0 банди фоизӣ кам мебошад. Таварруми аслии солона дар ин давра ба 1,5 фоиз расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 2,8 банди фоизӣ кам мебошад. БМТ дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ сиёсати пулию қарзиро баҳри иҷрои сатҳи пешбинишудаи пулҳои захиравӣ, муътадилии ҳаҷми пул дар муомилот ва таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ равона намуд. Аз ин лиҳоз, бинобар муътадил будани вазъи иқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар меъёри бозтамвил дар сатҳи 6,5 фоиз ва меъёри захираҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ дар сатҳи 5,0 фоиз ва бо асъори хориҷӣ дар сатҳи 7,0 фоиз бетағйир нигоҳ дошта шуд. БМТ татбиқи сиёсати мутавозуни пулию қарзиро бо истифодаи босамари воситаҳои он ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот ва мусоидат намудан ба ҷараёни рушди устувори иқтисодиёт дар кишвар равона месозад.

Апрель 23, 2013 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд