Тақдими “Хазинаи тиллоии тоҷикон” ба Китобхонаи Австрия
Душанбе, 15 апрел (АМИТ «Ховар»).- Дар Китобхонаи миллии Австрия вохӯрии Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди САҲА, СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена бо cардори Департаменти рушд ва муносибатҳои байналмилалии Китобхонаи миллии Австрия хонум Элизабет М. Эдхофер баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ба Китобхонаи миллии Австрия нусхаҳои китоби “Хазинаи тиллоии тоҷикон” бо мақсади дастрас гардидани онҳо на танҳо ба хонандагони австриягӣ, балки барои мардуми кишварҳои дигари Аврупо тақдим шуданд. Дӯстдорони таърихи бебаҳо ва санъати пурганҷи тоҷикон метавонанд ин китобро мутолиа намоянд. Қобили зикр аст, ки Китобхонаи миллии Австрия таърихи 300- сола дошта, дар яке аз толорҳои қасри қадимтарини шаҳри Вена “Ҳофбург” ҷойгир шудааст. Китобхонаи миллӣ дорои тамоми китобҳои нашрияҳои Австрия, корҳои муаллифони австриягӣ, инчунин китобҳое, ки дар хориҷа нашр гардидаанд, мебошад. Дар хазинаи китобхонаи мазкур зиёда аз 7,5 млн. нусха китоб, 180 ҳазор папирус, ки аз ҳама қадимтарини он асри 15 мебошанд, мавҷуданд. Ғайр аз ин дар бойгонии китобхона дастнависҳо, китобҳои қадим (асри 6), харитаҳо, глобусҳо ва расмҳои нодир ҷой дода шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






