Таҳлили натоиҷи ибтикороти муштарак
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Олотоғи Қазоқистон бо дастгирии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва Комиссари олӣ оид ба умури аққалиятҳои миллӣ мулоқоти ҳамоҳангсозони Муколамаи байнидавлатӣ оид ба ҳамгироӣ ва таҳсилоти аққалиятҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ корашро анҷом дод. Дар мулоқот аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон президенти Академияи маорифи Тоҷикистон Ирина Каримова ва муовини вазири маорифи ҶТ Тоҷиниссо Маҳмадова иштирок доштанд. Тавре ки аз Академияи маорифи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот натиҷаи ибтикороти муштарак таҳлил шуда, Муколамаи байнидавлатӣ оид ба ҳамгироӣ ва таҳсилоти аққалиятҳои миллӣ рӯи кор оварда, самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соли 2013 ва дурнамои он муайян ва мутобиқ карда шуданд.Мулоқоти оянда бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар нимаи дуюми моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






