Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар «МегаФон»
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Донишҷӯёни шаш донишкадаи Олии Душанбе, ки дар иҷрои супоришҳо барои «МегаФорум» иштирок доштанд, дар ширкати «МегаФон» таҷриба меандӯзанд. «МегаФорум», ки бо ибтикори ширкати «МегаФон» ва бо дастгирии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шудааст, маротибаи сеюм роҳандозӣ шуд. Дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои таҳсилотӣ донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон иштирок доштанд. Донишҷӯён маҳсули эҷодиёти худро дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон намоиш доданд. Дастаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон мақоми аввалро касб намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






