Ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия
Душанбе, 26 апрел (АМИТ «Ховар»).- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷавоб ба ёддошти Вазорат аз 23 апрели соли 2013 ёддошти ҷавобии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия аз 24 апрели соли 2013 ворид шуд, ки дар он гуфта мешавад: “Изҳороти муовини раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия, роҳбари фраксияи Ҳизби либерал-демократии Русия В.В. Жириновский дар барномаи телевизионии В.Соловёв “Поединок” дар чаҳорчӯби ток-шоуи телевизионӣ бо эҳсосоти ба ин сиёсатмадор хос садо додааст. Гуфтаҳои мазкур ба мавқеи расмии Русия, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун иттифоқчӣ ва шарики стратегӣ ҳисобида, мекӯшад, ҳамкориҳои дуҷонибаро дар тамоми самтҳо рушд бахшад, ягон алоқамандӣ надорад”.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






