Ҳавасмандии DAELIM ҷиҳати фаъолият дар Тоҷикистон

Май 28, 2013 15:49

Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҷодаи сармоягузории лоиҳаҳои соҳаи гидроэнергетика ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ, аз ҷумда истеҳсоли гази табиӣ аз ангишт дар вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо намояндаи Гуруҳи ширкатҳои Даелим (DAELIM) (Ҷумҳурии Корея) дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, Туркия ва Эрон, директори иҷроияи ширкати Даэлиминдастриал Ёо Чае-Хунг (Yoo Jae-Hyung) мавриди баррасӣ қарор гирифт.Аз кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни мулоқотД. Саидов дар посух ба саволҳои меҳмонон доир ба қонунгузорӣ, шарту шароит ва муҳити сармоягузорӣ, вазъи иқтисодиву молиявӣ, низоми бонкӣ, интиқоли маблағ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуда, омодагии хешро ҷиҳати дастгирии иқдоми ширкат баҳри сармоягузорӣ намудани лоиҳаҳо дар Тоҷикистон изҳор намуд. Зикр гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо барои фаъолияти пурсамари сармоягузорони хориҷӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.Аз ҷаноби Ёо Чае-Хунг ҳавасмандии Гуруҳи ширкатҳои Даелим баҳри ба роҳ мондани фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор шуда, омодагӣ барои барассии ҳамаҷонибаи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби кумита пешниҳод гардидаанд, баён шуд.Зикр кардан бамаврид аст, ки Гуруҳи ширкатҳои Даелим яке аз ширкатҳои бонуфузи Кореяи ҷанубӣ буда, фаъолияти худро дар самти татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, коркарди нафт, сохтмони биноҳои истиқоматӣ, роҳҳо ва иншооти саноатӣ, тиҷорат, технологияҳои коммуникатсионӣ ва туризм анҷом медиҳад. Ширкат дорои 15 намояндагии худ дар тамоми минтақаҳои дунё буда, дар нимаи аввали соли 2013 ҳаҷми савдои он зиёда аз 23 млрд. долл. ИМА-ро ташкил кардааст.

Май 28, 2013 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад