Чорводорӣ- афзоиши сарчашмаи даромади буҷа
Муъминобод, 28 май. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Кишоварзони ноҳияи Муъминобод сол аз сол истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводориро афзоиш медиҳанд. Ба гуфти раиси ноҳия Пирмад Зарипов то 1-ми апрели соли ҷорӣ саршумори чорвои шохдори калон дар ҳамаи бахшҳо ба 33 ҳазору 581 сар, моли майда ба 119 ҳазор сар, асп ба 3 ҳазору 117 сар, занбӯр ба 7 ҳазору 526 сар ва парранда ба 83 ҳазору 707 сар расонида шуд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан ду маротиба зиёд мебошад. Ба гуфтаи манбаъ то ин ҷониб дар ноҳия 577 тонна гӯшт , 2226 тонна шир, 529 ҳазор дона тухм истеҳсол гардид, ки ин 107% -и нақшаро дар бар мегирад. Дар ноҳия барои баланд бардоштани маҳсулнокии соҳаи чорводорӣ, ташкили базаи хӯроки он ва дар ин замина зиёд намудани маҳсулоти чорво имконият фароҳам оварда шудааст, ки ин боиси зиёд шудани саршумори чорво ва афзоиши сарчашмаи даромади буҷа мегардад. Мутаассифона, дар ин самт хоҷагиҳои зотпарварии Тебалай, Навбаҳор корро тибқи талаботи рӯз ба роҳ намонда , ба такрористеҳсолкунии васеи чорводорӣ аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд,- афзуд Пирмад Зарипов.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






