Даъвати довталабон барои таҳсил дар Русия
Душанбе,16 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат)- Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар асоси шартномаи худ бо Федератсияи Русия барои таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Воронеж, Орел, Волгоград, Урал, Сибири Шарқӣ аз рӯи ихтисосҳои «Ҳуқуқшинос», «Экспертизаи судӣ», «Руҳшинос» қабули довталабонро барои таҳсил дар ин муассисаҳо эълом медорад. Тавре ки дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст, қабули ҳуҷҷатҳо то 1-уми июни соли 2013 дар шуъбаҳои корҳои дохилии ҷои истиқомат ба расмият дароварда мешаванд.Шарту шароитҳои таҳсил дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар чунин аст: донистани забони русӣ ҳатмист, таҳсил дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар, истифодаи толорҳои варзишӣ, китобхонаҳо, ёрии аввалини тиббӣ, идрорпулӣ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт бо мақсади таҳсил ба тариқи ройгон сурат мегирад. Корҳои шахсии довталабон бо забони русӣ ва тоҷикӣ тибқи талаботи муқарраргардида дар шуъбаи корҳои дохилии ҷои истиқомат ба расмият дароварда мешаванд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






