Муҳокимаи масоили муҳоҷирон ва фарҳангу маърифати онҳо

Май 27, 2013 11:30

Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Чанде пеш дар Маркази матбуоти тайналмилалии «РИА Новости» — и шаҳри Маскав мизи мудаввар дар мавзӯи «Русия ва Тоҷикистон: равобити иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ» баргузор гардид. Дар ҷараёни мизи мудаввар перомуни сиёсати ҳукуматдорони Русия нисбат ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ҳамчунин вазъу дурнамои муносибатҳои ҳар ду кишвар дар бахшҳои фарҳангу маориф сухан ронда шуд. Дар ин бора муншии аввал, роҳбари дафтари матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод ба АМИТ «Ховар» хабар дод.Мувофиқи хабари манбаъ, дар ин чорабинӣ ҳамчунин коргардони театру синамо Валерий Аҳадов, корманди калони илмии Маркази омӯзиши Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Уралу Поволжеи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Азиз Ниёзӣ, муовини раиси Маркази табодули меҳнатӣ Сулаймон Шоҳзода, котиби матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Иброҳим Аҳмедов ширкат доштанд.

Май 27, 2013 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад