“Рӯзҳои ҲХДТ” дар Ашт ва иттиҳоди сокинон
Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Баргузории чорабинии «Рӯзҳои ҲХДТ» аз ҷониби ташкилотҳои ҳизбӣ ба ҳукми анъана даромада, он яке аз усулҳои муосири тарғибот ва қавитар кардани мавқеи ҲХДТ дар ҷомеа маҳсуб мешавад. 30 апрели соли равон дар ноҳияи Ашт чорабинии калони “Рӯзҳои ҲХДТ” баргузор гардид. Тибқи барнома гурӯҳи корӣ, ки бо ҷалби масъулини дастгоҳи Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ таъсис ёфта буд, бо фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия шинос шуда, шахсони барӯманду оилаҳои ниёзмандро аёдат намуданд. Бегоҳии ҳамон рӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳия барномаи калони консертӣ доир шуд. Дар қисмати фарҳангии он зиёда аз 7000 сокинони ноҳия ширкат варзиданд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Сабоҳат Қаробоева, раиси ноҳия Азимбой Азизов ва раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Даврон Зоҳидов зикр карданд, ки моҳияти ташкили чорабинии «Рӯзҳои ҲХДТ» ба ҳам омадани аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ буда, ҳадафи аслиаш татбиқи барномаҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҲХДТ мебошад. Дар ин бора Адҳам Мирсаидов, роҳбари Маркази таблиғот ва таҳлилии дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ иттилоъ дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






