Таҷлили Рӯзи сарҳадбонон
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз мардуми Тоҷикистон Рӯзи сарҳадчиёнро ид мекунад. Дар робита бо ин, дар қароргоҳи Сарраёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор шуда, консерти ҳунармандон намоиш дода мешавад. Тавре ки сардори маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймӯъмин Ятимов ва роҳбарияти қӯшунҳои сарҳадӣ сарҳадбонони муваффақро муборакбод ва қадр мекунанд. Ҳамзамон дар ҳамаи ҷузъу томи қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ чорабиниҳои ботантана роҳандозӣ мешаванд.Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар солҳои душвори ҷанги дохилии ҷумҳурӣ таъсис меёфтанд. Бо қарори иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олӣ моҳи ноябри соли 1992 дар назди Кумитаи амнияти миллӣ гурӯҳи махсуси сарҳадӣ таъсис ёфта ва баъди 10 рӯз бо қарори Президиуми Совети Олӣ дар ҳайати кумитаи мазкур Раёсати ҳифзи сарҳадот ташкил ёфт.Он вақт сарҳадчиёни тоҷик марзи Тоҷикистонро якҷоя бо сарҳадбонони Русия ҳифз мекарданд, вале ҳоло соли ҳафтум аст, ки марзи давлати мустақилро сарҳадбонони тоҷик ҳифз менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






